• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ифтихор аз Пешво дорем мо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои асосии рушду инкишоф ва мустаҳкамии миллату давлатро аз омӯзиш дониста, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Ҷаноби Олӣ фарҳангро асоси ҳастии миллат ва давлат унвон карда, бақои миллатро вобаста аз пойбарҷо будани фарҳангу маънавиёт ва забон медонанд. Ифтихор аз Ватану таърих ва фарҳангро Пешвои миллат дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ мебинанд.

Агар хоҳем, ки миллату давлати хешро хуб донем, ибтидо бояд худро шиносем ва дар ин росто Карл Маркс – яке аз пештозон ва назариётчиёни мактаби бузурги марксизм–ленинизм гуфтааст: «худшиносӣ аввалин шарти хирадмандист».

Ин аст, ки баҳри ҳавасманд намудани ҷавонони болаёқат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стипендияи Президентиро муқаррар намудаанд ва садҳо ҷавонон аз ин идрорпулӣ баҳраваранд. Бад-ин васила ҷавонони ояндасози кишварамон тибқи тақозои замон ва бозори кунунии меҳнат савияи дониши хешро васеъ мегардонанд. Имрӯз толибилмони мо дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ иштирок намуда,  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Дар самти варзиш ва ҳаёти солим низ як қатор ҷавонони соҳибистеъдоди мо  парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳар гӯшаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Парафшон шудани парчами давлатӣ дар қалби инсони ватандӯст ва хештаншинос ҳисси меҳру муҳаббатро дучанд мегардонад. Ногуфта намонад, ки пешравӣ дар соҳаи илм ва варзиш маҳз бо воситаи дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст. Ба ҳар самте, ки назар афканем, хизматҳои шоёни ин марди равшанзамиру хирадмандро мушоҳида хоҳем кард.

Ҷаноби Олӣ бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ва самимияти хос баҳри гулгулшукуфии ин сарзамин ҳамеша кӯшиш мекунанд. Дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Сарвари давлат мардуми тоҷик ба комёбиҳои беназир ноил гардиданд. Сараввал халқи шарифи Тоҷикистон ба эъмори давлати демократӣ мушарраф гардид. Хиради воло, нангу ори миллӣ дар қалби ҳар тоҷики худшинос маъво гирифт ва эшон даст ба дасти ҳам дода хоки аҷдодӣ, таърихи пурғановат ва миллати соҳибтамаддунро аз вартаи маҳвшавӣ раҳониданд.

Имрӯз миллати тоҷик роҳи рушду инкишофро пеш гирифтааст ва ноил ба дастовардҳои арзанда гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки «дастгирию заҳматҳои шабонарӯзии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем». Ба ҳар куҷое, ки қадами мубораки Сарвари давлат мерасад, он сарзамин гул-гул мешукуфад, ободу зебо мегардад. Ҷаноби Олӣ ҳамчун сиёсатмадори моҳир, иқтисоддони варзида ва фарҳангшиноси асил тамоми соҳаҳои ҳаёти халқро дар тарозуи ақлу идрок баррасӣ намуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва ривоҷу равнақ ёфтани соҳаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Сарвари муаззами мо дар ҳар баромади хеш доир ба забони тоҷикӣ, таърихи куҳани ниёгон ишораҳо намуда, насли ҷавонро ба аз бар намудани таъриху тамаддуни миллӣ даъват мекунанд ва ватандӯстиро аз гӯшаи имон медонанд. Ҳар инсони соҳибхирад бояд пеш аз ҳама ватандӯст буда, барои ободии Ватан камари ҳиммат бубандад. Қадри хоку об ва дигар муқаддасоти миллиро донистан вазифаи ҳар яки мост.

Сарвари давлат ҳамеша ҷавононро ба хештаншиносӣ ва аз худ намудани донишҳои муҳими давр талқин мекунанд. Арҷ гузоштан ба мероси ниёгонро вазифаи муқаддаси ҳар инсони некманиш медонанд. Ба феҳристи ҷашнҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудани ҷашни Наврӯз ва аз тарафи созмон  хуш пазируфта шудани он аз иқдоми шоистаи Президенти маҳбуби мост. Сарвари муаззами мо аҳли санъату ҳунар, фарҳангу маънавиётро арҷгузорӣ намуда, бо эшон пайваста дар иртиботанд. Дар баробари ин ба масъалаи омӯзиш, таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар кори таълим ва омӯзиш волидайнро масъул медонанд.

Ҳамин тариқ, мо - ҷавонони хушбахти замон худро бевосита пайравон ва идомадиҳандагони ҷодаи пешгирифтаи ин абармарди майдони сиёсат меҳисобем. Омодаем дар тамоми самтҳои ҷомеаи кунунӣ иқдомҳои неки худро густариш бахшем.

Фарида Сафолова, омӯзгори  педагогикаи кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru