• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА КОНСТИТУТСИЯ.

Инсоният дар давоми ҳастии худ назму низоми муайянро дар ҷомеа тартиб дода, фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи он ворид намудааст. Меъёрҳои муқарраргардидаи зисту зиндагонӣ дар ҷҷомеаи инсонӣ, ки таърихи ҳазорсола доранд, дар ибтидо ҳамчун меъёрҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омада, бо рушди ҷомеаи инсонӣ ва мураккаб шудани низоми идораи ҷомеа ва рафтори инсонҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтору гуфтор ва пиндори одамонро ба танзим дароварда, воситаи асосии идоракунии фаъолияти инсонҳо маҳсуб меёбанд. Мазмуни аслии меъёрҳои ахлоқиро таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарии одамон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Дар раванди ташаккули ҷомеа, меъёрҳои ахлоқӣ, ки яке аз восита ва рукнҳои таъмини субот ва ваҳдат дар ҷомеа маҳсуб меёбанд, бо дарназардошти он, ки иҷроишашон ихтиёрӣ мебошад, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби одамон риоя намегарданд. Дар ин ҳолат эҳтиёҷ ба чораи маҷбурсозии қонунӣ зиёд мегардад ва меъёрҳои ахлоқӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар қонунгузорӣ ҷой дода мешаванд ва иҷроишашон ҳатмӣ мегардад. Дар ин замина меъёрҳои ҳуқуқие ба вуҷуд меоянд, ки натанҳо низоми қоидаҳои рафтори одамон, инчунин низоми давлатдорию давлатсозӣ ва асосҳои сохтори давлатиро низ муайян месозанд. Ин меъёрҳо сарчашмаи асосии ташаккули давлат ва рушду тараққиёти он мебошанд. Меҳвари асосиро имрўз дар ин ҷода Конститутсия касб менамояд. Конститутсия дар ҷаҳони муосир санади олии ҳуқуқӣ шинохта шуда, халқу миллатҳои дунё низоми давлатдории худро дар доираи он бунёд месозанд. Конститутсия ҳамзамон ормонҳо, ҳадафҳо, манфиатҳо ва рукнҳои асосии давлатҳоро дар бар мегирад. Бе доштани Конститутсияи ба талаботи замон мувофиқ ва инъикоскунандаи ҳадафҳои миллӣ устувор нигоҳ доштани низоми давлатдорӣ ва рушду тараққӣ додани давлат ѓайри имкон мебошад. «Конститутсия раванди ташаккули афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва фалсафии инсониятро дар давраи муайян танзим намуда, дар худ андеша ва ѓояҳои инсондўстона ва амалу рафтори бо қонун танзимшударо таҷассум мекунанд ва баромадан аз доираи муқаррароти онҳо ё нодида гирифтани онҳо сабаби сар задани низоъҳои мухталиф ва фалаҷ гардидани низоми ҳокимияти сиёсӣ мегардад. Мо имрўз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рўбарў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст»[1].

Мо ҷавонон бояд имрўз дар хотир гирем, ки дар оѓози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ як маротиба бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро миллати мо бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид.

Маҳз бо қабули Конститутсияи навиин, ки инъикоскунандаи манфиатҳои умумимиллӣ ва ҷавобгў ба талаботи низоми нави давлатдорӣ мебошад, ҳамзамон эҳтироми ҳамаҷониба нисбат ба он ва риояи қатъии меъёрҳои муқарраркардаи он мо муттаҳид шудем ва низоми давлатдориямонро устувору побарҷо намудем.

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд».[2]

Тавре аз дебочаи Конститутсия бар меояд маҳз бо қабули ҳамин санад мо худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомаеи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, масъулияти давлатдорию давлатсозии миллиро бо ифтихору сарбаландӣ бар души худ гирифтем. Кишвари мо ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байнлмилалӣ эътироф карда шуд. Аз рўзи қабули ин санад дар ҷомеаи мо волоияти қонун таъмин аст ва мо дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳамдигар ба комёбиҳои бештар дастёб мегардем. Инро бояд қадр кард.

Конститутсия ба мо ҷавонон имконияти фаррохи гуногунандешӣ ва озодии суханро фароҳам овардааст. Ин имконияти демократӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз ҷониби мо ба хотири инкишофи тафаккур ва сатҳи дониш истифода гардад ва чорчўбаи он бояд риояи қатъии арзишҳои ахлоқии миллӣ бо дарназардошти пуштибонӣ аз манфиатҳои миллӣ бошад. Аз ин имконияти худ набояд мо ҷавонон сўистифода кунем. Ҳар сўистифода аз ин имконият хилофи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад.

Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард ва барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт. Ин санади олии ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои сиёсии мо ҷавононро мукаммал сохта, роҳи иштироки бевоситаи моро дар пешбурди низоми давлатдорӣ фаррох намуд. Ҳамзамон заминаи қонунӣ фароҳам овард, ки мо сохторҳои гуногуни давлатиро новобаста аз сину соли ҷавонамон роҳбарӣ намоем ва ҷиҳати бунёди давлати тараққикардаи миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Аз ин рў, мо ҷавонон бояд кўшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагиямон эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рўи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем.

Конститутсия – қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад. «Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарѓибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кўшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем».[3]

Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сўи ояндаи неку пурсаодат мо ҷавононро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва Ватани азизамонро ба сатҳи баланди рушду тараққиёти худ расонем, ҳамзамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

«Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд».

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj