• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Кумитаи иттифоқи касаба

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ҳамҷун мақомоти мустақил дар назди маъмурияти Донишгоҳ ба масъалаҳои таълим, меҳнат, истироҳат ва корҳои маданӣ-оммавӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.
Кумитаи иттифоқи касаба донишҷӯён, донишҷуёни Донишгоҳро барои баланд бардоштани сифати таълим, интизоми намунавӣ, гузаронидани корҳои оммавӣ-тарбиявӣ, маданӣ-равшаннамоӣ, иштироки фаъолона барои амалӣ шудани чорабиниҳо, беҳтар шудани шароити меҳнат ва истироҳату фароғаташон сафарбар мекунад.
Дар назди маъмурияти Донишгоҳ барои беҳтар намудани раванди таълим, таҷрибаи омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани реҷаи вақти донишҷӯ, инчунин оид ба сохтани ҷадвали имтиҳоноти ҷорӣ, санҷишу мусоҳибаҳо, ҷадвали иҷрои корҳои курсӣ ва дигар намудҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён масъалагузорӣ мекунад.
Кумита назорати иҷрои нақшаҳои таълимиро дар факултетҳои Донишгох назорат намуда, меъёри сарбории донишҷӯёнро дар ҳаммаи намудҳои таълим, гузаронидани дарсҳои таълимӣ мувофиқ ба ҷадвали дарсӣ вобаста ба имконият месанҷад.
Дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоти ҷамъиятӣ дар гузаронидани конфренсияҳо ва озмунҳои беҳтарин кори илмии донишҷӯён бо назардошти фаъолияти онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, илмиву тадқиқотӣ фаъолона иштирок мекунанд ва ба пешбарии онҳо барои гирифтани идрорпулиҳои номӣ саҳм мегузорад;
Дар коркарди лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, таъмир ва ободонии хобгоҳҳо, ташкили истироҳатгоҳҳои саломатию варзишӣ, корҳои маданӣ-маърифатӣ ва пойгоҳҳои варзишӣ фаъолона ширкат меварзад.
Дар ҳавасмандгардонгии донишҷӯёни аълохон ва онҳое, ки дар корҳои илмӣ-методӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар ҳавасмандгардонгии донишҷӯёни аълохон ва онҳое, ки дар корҳои илмӣ-методӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд
Кумита вобаста ба имкониятҳои молиявӣ донишҷӯёне, ки ҳамчун ятими кул, маъюб ва камбизоат мебошанд ёрии моддӣ мерасонид ва амалишавии имтиёзҳои онҳоро зери назорат мегирад.
Инчунин барои ҳалли масъалаҳои донишҷӯёне, ки аз Донигоҳ хориҷ шудаанд ё муваққатан аз идрорпӯлӣ маҳрум гаштаанд ва ё интизомро вайрон намудаанд, мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаҳои иттифоқи касабаи донишҷӯён масъалаҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор дода ва иҷрои қарорҳоро доимо зери назорат гирифта, пешниҳоду дархостҳои донишҷӯёнро баррасӣ намуда, иҷроишашонро таъмин мекунад;
Дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Созмони ҷавонон дар байни донишҷӯён корҳои тарбиявӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худфаъолияти бадеӣ ва намоишу озмунҳоро ривоҷ дода, аз байни гурӯҳҳо ғолибонро муайян намуда ҷиҳати ҳавасмандкунии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Раиси Кумита аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ мебошад ва ҳадафҳои донишҷӯёнро дар Шӯро дифоъ менамояд ва инчунин дар Шӯрои олимон нисбат ба фаъолияти Кумита ва дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён гузориши шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод мекунад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru