• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.

Муҳаммад Иқбол

Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рўзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд, бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рўзеро дар тақвим махсус ба «Рўзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рўз рўзи офтоб аст ва рўзро бидуни офтоб тасаввур натавон кард.

Фарҳанг ва тамаддуни оламафрўзи Тоҷик ва тасдиқу таъкид бар ҷойгоҳи он, ба ҳаққи истиқлоли он ба ин қиёс аст. Яъне, ҳақиқатест ба ин андоза равшану  бебаҳс, аммо лаҳзае бояд аз ёдкарди он, посдории он, ҳимоят аз он фориғ набуд, хосса ки таърих ёд медиҳад агар чунин амал нашавад, имкон дорад ҳар лаҳзае, аз ҳар гўшае ба инкори ин ҳақиқат гуфторе ва рафторе сурат бигирад ва беоқибат ҳам намонад.

Ҷомеъашиносони умда дар поёни даврони «ҷанги сард» ба ин назар расидаанд, дар оянда унсури аслии таъйинкунандаи ҳувият ва истиқлол, ҳамчунин иттиҳодҳои ҷаҳонӣ на мисли собиқ идеология, балки тамаддун хоҳад буд ва иттиҳоду умумияти тамаддуниву фарҳангӣ бар ҳар навъ умумият ва иттиҳоди иделогӣ бартарӣ пайдо хоҳад кард. Рухдодҳое, ки дар садаи ахир дар ҷаҳон мушоҳида мешавад, зоҳиран ин ҳукмро тасдиқ менамоянд. Ба асоси ин назар бояд дар мавриди пойдорӣ ва осебнопазирии ҳувият ва фарҳанги миллӣ ва ба ин восита истиқлоли миллии худ хушбин бошем, чун миллати мо дорои яке аз тамаддунҳои ҷаҳоншумул ва камназир аст. Аммо, аз сўйи дигар, бояд бар он андешид, ки ин тамаддун ва фарҳанги оламшумул, ки ба мизони болое арзишҳои умумибашарӣ ва инсондўстонаро дар худ парварда ва маҳфуз доштааст, то чи ҳад аз унсурҳо ва механизмҳои худдифоъ бархурдор аст, то куҷо дар муқобили дахолат ва таҳоҷуми фарҳанги бегона ва тасаллути манофеъи бегона марз таъйин намуда ва худро беосеб гардондааст.

Муқоисаи аҷибе даст медиҳад, агар аз ин дидгоҳ ба назариёти ҳакими юнонӣ Афлотун, ки дар маорифи куҳани мо таъсири бузурге доштааст, назар карда шавад. Ба эътиқоди бедоргари бузург Иқболи Лоҳурӣ таълимоти ин ҳакими доно ва пайравони баъдии мактаби ў (навафлотуниён) бо густариши рўҳиёти манфии таслим, нафйу инкори худӣ ва дар натиҷа коҳилӣ дар баробари падидаҳои таҳоҷумӣ ва бартарихоҳии дигарон дар қаламрави фарҳанги мо боиси ривоҷи маслак ва рўҳиёте гардида, ки онро Иқбол «мазҳаби гўсфандӣ дар бешаи шерон» меномад. Аммо вақте ба яке аз осори бунёдии Афлотун «Ҷумҳур» муроҷиат менамоем, ки дар он тарҳи давлатшаҳри ормонии худро рехтааст, мебинем, ки ў ба ҳушёрии тамом мавзўъи дифоъро мулоҳиза намуда ва ҳатто гузашта аз ин тавре сухан гуфтааст, ки гўё густариш додани хоки худ аз ҳисоби хоки дигарон як амри ногузир мебошад. Он гуна ки дар асари мазкур, дар фасли «Лузуми таҷовуз ба хоки ҳамсоягон» менависад:

«Гуфтам: пас агар бихоҳем замини кофӣ барои чаро ва кашоварзӣ дошта бошем, бояд ба хоки ҳамсоягони худ таҷовуз кунем ва онҳо низ агар по аз ҳадди эҳтиёҷи худ берун ниҳанд ва тамаъи касби мол бар онҳо ғалаба кунад, маҷбур хоҳанд шуд ҳамин муомаларо бо замини мо бикунанд. Гуфт: оре, Суқрот, ночор чунин хоҳад шуд. Гуфтам: пас, эй Галовкан, вақте ки кор ба ин ҷо кашид, оё бояд ҷанг кунем ё роҳи дигаре дар пеш дорем? Гуфт: ночор бояд биҷангем».[1]Албатта, ин иқтибос на ба хотири пайравист, ки фарҳанги мо ҳаргиз, ба ҳеҷ хотир ҳатто эҳтимоли таҷовуз ба хоки дигаронро намепазирад, балки ба ин хотир аст, ки бидонем ҳатто онҳое, ки дар матни фарҳанги мо омўзгори мушфиқи бани башар шинохта шудаанд, дар мавқеъи ҳифзи манофеъи қавмии худ чи дидгоҳҳое доштаанд.

Аммо дар ин мавзўъ назари Муаллими аввал (бино ба гуфти Абўалӣ Сино), муаллими Искандар – Арасту ба ҳадде мушаххасу равшан мешавад, ки ҷаҳон аз ду бахш иборат муаррифӣ мегардад – ҷаҳони мутамаддини онҳо ва боқӣ паҳнаи барбарият ва пас аз он ки Искандар «рисолати таърихии» худро «дар интишор тамаддун дар паҳнаи барбариҳо» ҳамроҳ бо фарҳангсўзиҳо амалӣ месозад, дар фарҳанг ва адаби ин милал ба намоди хирад ва адолат табдил мешавад.

Зимнан, ҷолиб аст, ки ба шаҳодати назарияпардози бархурди тамаддунҳо Семюэл Ҳангтингтон донишмандони амрикоӣ низ пас аз фурўпошии низоми коммунистӣ бо беэътибор донистани гуногунии фарҳангии ақвоми пуршумори Шарқ ва Осиё ҷаҳонро мисли ҳакимони Юнони қадим ба ду қисмат ҷудо мекунад: «минтақаи сулҳ» ва «минтақаи ошўб» (беназмӣ), ки аввалӣ шомили Ғарб ба изофаи Жопун – дарбаргирандаи 15 дарсади аҳолии ҷаҳон ва дувумӣ боқии ҳамаи кишварҳои олам мебошад.[2] Ин на танҳо тақсим, балки шояд таъйин ҳам ҳаст. Аммо Семюэл Ҳангтингтон ин тақсимро «хоксорона» на бо тақсими классикии Юнониҳо қиёс мекунад, балки назири онро аз фарҳанги исломӣ ҷўё мешавад ва бо мафҳумҳои «дорулислом» ва «дорулҳарб» мушобеҳ медонад. Беш аз ин Ҳангтингтон дар саҳифаҳои авали ин асари машҳури худ мавзўъро ба сурати хеле ҷолиб тарҳ мекунад: «Мо танҳо он гоҳ медонем кӣ ҳастем, ки бароямон маълум гардад мо кӣ нестем ва танҳо баъд аз ин хоҳем донист, ки мо зидди кӣ ҳастем».[3] Яъне, аз назари вай муҳимтарин шарти худшиносӣ дар таъйини душман хулоса мешавад.

Маълум аст, ки дар Ғарб бо пайдоиши давлатҳои миллӣ ва буржуазияи миллӣ «манофеъи миллӣ» муҳимтарин мафҳуми таъйинкунандаи хатти машйи сиёсӣ гардид, ки имтиёзи нажодӣ, ки ахиран ниқобҳои дигареро аз арзишҳои иҷтимоӣ бар рўй кардааст, унсури аслии ангезанда ва ташвиқкунанда дар таркиби ин навъ сиёсатҳо мебошад. Имрўз ҳам манофеъи миллӣ ҳама арзишҳои дигарро дар сиёсат таҳти шуъоъ қарор медиҳад ва ба маҳзи ин ки як кишвар (албатта, кишвари қудратманд) эълом ва собит кард, ки фалон кор барои ҳифзи манофеъи миллии ў зарур аст, он кор гўё бо ҳамин машруъият пайдо мекунад (қонунӣ мешавад), агарчи бар хилофи ҳама арзишҳои дигари башарӣ бошад. Дигар ҳуҷҷати ў дар баробари манофеъи миллӣ қудрат асту бас. Баъзан мушоҳида мешавад, ки ҳатто ин қудратҳо бо эҳтимолу тахмин, ки фалон падида ё кишвар эҳтимол дорад дар оянда ба манофеъи миллии онҳо таҳдид намояд, ба худ ҳақ медиҳанд, ки бар алайҳи он иқдом намоянд. Боз ҳам ҳуҷҷати қотеъ тавоноии иқтисоди ва низомӣ асту бас.

Дар ин миён намоди барҷастаи фарҳанги оламшумули мо қитъаи машҳури шайх Саъдӣ баргирифта аз ҳадиси Паёмбар (с) «Бани Одам аъзои як пайкаранд…», ки бар сардари созмони фарҳангии Созмони Милал ЮНЕСКО насб шудааст, ҳамроҳи ин созмон дар миёни сабқатҳои таъмини манофеъ чи ғариб ба назар мерасад. Аммо ин шиор, ки дар замони худ аз мавқеъи қудрат эълом шуда буд, аз дифоъи зарурӣ бархўрдор буд ва агар касе хилофи он рафтор мекард, посухи лозим ҳам ба ў дода мешуд ва наметавонист ниқоби рафторҳои баракси мазмунаш қарор дода шавад.

Равшанфикрони мо ҳар қадар аз фарҳанги башардўстона ва гуманистиямон ифтихор кунанд, ҳақ доранд. Ҳамзамон ҳақ доранд, ки барои ин садоқат ва хидмати бузургонашон ба арзишҳои умумибашарӣ агар на барои худ, барои фарҳанги худ, кишвари худ, миллати вориси ин фарҳанги инсонсоз ва саодатпартаву сулҳпарвар интизори ҳаққу ҳуқуқ бошанд, ақаллан аз лиҳози маънавӣ, ақаллан аз лиҳози эҳтиром ва эътирофи воқеии ҳаққи истиқлол ва ҳувияти муҳтарами ин миллат ва кишвар. Дар акси ҳол ин фарҳанг дар фазо муаллақ мемонад ва шиори дурўғини ҷараёнҳо ва неруҳое қарор мегирад, ки таҳти арзишҳои волои умумибашарии осори гузаштагонамон аҳдофи хубу дақиқ ҳисобшуда ва маҳдуди худро дар ростои «таъмини манофеъи миллии» худ пиёда мекунанд. Масалан, фирқаҳое дар ниқоби мавлавипарастӣ ё ҳофизшиносӣ, ки худ то мағзи устухон ғарқ дар таассуби навъӣ, нажодӣ ва фирқавии (сектантии) худ ҳастанд, бо истифода аз таъбиру тафсири дилхоҳи осори ин бузургон, ки гўши ҷон ба ҳарфашон дорем, метавонанд ба содагии тамом моро ба ситез ва тарки ҳар навъ ҳувияти милливу қавмӣ ва эътиқодӣ фаро хонанд. Ба тарки он чизҳое, ки худ бо «дандону чангол» бар он часпидаанд ва онро шарти ҳастии худ медонанд. Бино бар ин парвариши зарфиятҳои зеҳнии миллӣ барои анҷоми ин кор аз муҳимтарин вазифаҳост.

Баъзан мушоҳидаи баҳсҳои матбуотӣ ва маҷлисие, ки перомуни низоъҳои ҷаҳонии имрўз сурат мегирад имкон медиҳад, бо тааҷҷуб ва шигифтӣ пай бибарем, ки ҳама нигоҳ ва умеди мо ба хориҷ аз ҷаҳони худи мост, гўе баъзан заминеро, ки бар он истодаем, эҳсос намекунем. Як гурўҳ мегўяд, мо дар ин низоъ бояд аз манофеъи он тараф ҳимоят бикунем ва гурўҳи дигар мегўяд аз тарафи муқобил ва баҳс он қадар гарм мешавад, ки лозим аст касе бигўяд, мо, қабл аз ҳама бояд, аз манофеъи миллии худ ҳимоят бикунем, ки шояд на дар ин тараф бошад ва на дар он тараф ва умдатан дар ширкат дар ҳеч навъ низоъ набошад. Ё худ, баъзан саргарми арзишҳои умумибашарӣ ё эътиқодӣ мафҳумҳои миллат ва қавму нажодро нишонаи маҳдудияти тафаккур мешуморем. Мусаллам аст, ки миллатчигии ифротгароёна ва нажодпарастӣ дар тамаддуни башарӣ падидаҳои манфӣ шинохта шудаанд. Аммо агар як халқ маҳз ба далели мансубияташ ба як нажоди муайян ва миллати муайян мавриди таъқиб қарор мегирад ва ҳуқуқҳояш сарфи назар мешавад, масъала аз маҳдудаи миллат ва нажод берун меравад ва мавзўъи «ҳифзи адолат» ба миён меояд, ки ҳам аз дидгоҳи арзишҳои умумиинсонӣ ва ҳам эътиқодӣ (дар ҳама адёни ҷаҳонӣ) муқаддас дониста мешавад.

Он чизе, ки маорифпарварони ду садаи гузаштаи Шарқ ва, аз ҷумла, маорифпарварони худамон барои иҷрояш қиём ва ҷоннисорӣ карданд, шояд, пеш аз ҳама, аз байн бурдани таноқузи (парадокси) азиме буд, ки дар сиришти фарҳанги мо ҷо ёфтааст: аз як тараф, ифтихори беҳадду ҳудуд аз гузаштаи дурахшони худ ва аз тарафи дигар, ҳеч навъ ҳаққу ҳуқуқи шоистае (хусусан сиёсию иҷтимоӣ) қоил набудан барои худ ва қавму миллати худ, ҳатман омили хориҷӣ ва берунӣ ва ҳатто ҷузъи сарнавишт ва тақдир донистани фармонравоии ҳар навъ қудрати бегона ва хориҷӣ бар худ. Агар Иқболи Лоҳурӣ барои барандохтани ин гуна рўҳиёт бо баъзе фирқаҳои каҷрави дарвешию қаландарӣ ва ба зоҳир тасаввуфӣ ба набард бархост, маорифпарварони тоҷик низ талош карданд, то бо тағйири бунёдии эътиқодоти миллати худ ин таноқузро аз байн бибаранд, ки аз ин назар дар осори онҳо ҳанўз нуктаҳои омухтанӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар осори ин давраи устод Садриддин Айнӣ.

Дар адабиёти даврони Шўравии тоҷик ҳам ин мавзўъ ҷо-ҷо мушобеҳ бо пардохтҳои Иқбол ба назар мерасад. Агар ба осори «ҳиндустонии» устод Турсунзода таваҷҷуҳ шавад, агарчи ў аз мавқеъи як шахсияти мустақил ва озоду босаодати кишвари намуна сухан мегўяд, ба лаҳну оҳанге мегўяд, ки ҳаргиз гумон намеравад мухотабони худро бегона шуморад ва ҳамеша сухани ў бо фарҳанги халқи худаш бофт мехўрад. Аз ҷумла, дар манзумаи «Духтари муқаддас» он ҷо, ки дар тасвири аҳволи ҷомеаи Ҳиндустон чунин тасвири рамзии пурмаъноро ба кор мебарад:

Монда буд хомўш тўпи Замзама,

Гўшро кар карда «Султон Ҷамҷама».

Тўпи Замзама мисли «Шоҳтўп»-и (Царь пушкаи) русҳо рамзи қудрати салтанати Ҳинд дар Лоҳур дар муқобила бо истилогарон буд ва «Султон Ҷамҷама» аз зумраи ҳамон сурудҳои ба зоҳир мазҳабии (наъти) машҳурест, ки дар Тоҷикистон ҳам, аз ҷумла дар замони худи устод Турсунзода, ривоҷи тамом дошт ва фалсафаи тарки дунёро талқин менамуд ва дар байни мардум бо номи «Каллаи пўсида» ҳам маъруф аст. Ин байт гўё баёни дигаре аз сурудаҳои Иқбол буд, ки аз ҷумла суруда:

Шоири ҳиндӣ, Худояш ёр бод,

Ҷони ў бе лаззати гуфтор бод.

Ҳарфи ў човидаву бе сўзу дард,

Мурд хонанд аҳли дард ўро, на мард.

Дар даврони баъдии адабиёти тоҷик, хусусан аз солҳои 60 ба баъд, дар назм мавзўъи худшиносӣ ва ҳувият ва истиқлоли миллӣ рангу ҷилои хоссае касб кард, умқи бештаре ёфт. Дар наср низ, бавижа насри таҳлилӣ ва андеша низ. Яке аз намунаҳои нахустин ва дурахшони ин ҷараён қиссаи нависандаи боистеъдод Пўлод Толис «Тобистон» буд. Пўлод Толис бо басирати хосси худ аҳаммияти равонковии фарҳангии миллати худро дарк намуда, дар симои яке аз персонажҳои пурмаънои ин қисса –Қосимҷон, ҷавони кўҳистонии тоҷик ҳамон таноқуз (парадокс)-ро ба сурати намунаи барҷастаи типи фарҳангии тоҷик офаридааст. Қосимҷон шахсест тору пуди вуҷудаш аз одамият ва инсонгарӣ сиришта ва дар ташаккули чунин шахсияте адабиёти классикӣ ва халқии тоҷик саҳми зиёд дорад. Аммо он намунаҳое, ки танҳо ба уфтодагӣ,  мазлумият, бечорагӣ, нотавонӣ, фидокории бефарҷом ҳидоят менамоянд. Дар натиҷаи азбар кардан ва қироати пайвастаи чунин ашъор Қосимҷон аз талаби ҳар гуна ҳаққу ҳуқуқ барои худ даст кашида ва зулм бар худро қисмати азалӣ медонад. Таваҷҷуҳ кунед ба намунаи ашъори вирди забони ў:

Чи сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,

На аз хунам замин олуда шуд, на домани поке…

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,

Ба оби дида биншондам дарахте.

Шамол омад, дарахтам решакан шуд,

Мани мискин надорам ҳеч бахте…

Ин дақиқан ҳамон адабиётест, ки Иқбол низ чун нависандаи ин қисса мехост асароти яксўяи онро аз умқи равони фарҳангии милали Шарқ бизудояд.

Зимнан, ҷолиб аст, ки хатми фоҷиаомези зиндагии ин нависандаи накўном бо дифоъ аз ҳуқуқи ҳамон мардуме, ки Қосимҷон аз зумраи онҳо буд, робита пайдо кард. Маълум нест, бозии тақдир буд ё бозии қудрат.

Чунин тасаввур кардан ҳам, ки мо ҳамвора дар рўё рўй бо ситезҳо ва хусумати фарҳангҳои бегона қарор дорем, дуруст нест ва агар чунин бияндешем, ночор гўё доктринаи бархурди ногузири тамаддунҳоро қабул кардаем. Бисёранд нухбагони андешаи башарӣ дар ҳама милали мутамаддини ҷаҳон, ки сидқан ба адабу фарҳангу тамаддуни мо арҷ гузошта бо он худ ва кишварҳояшон муносибати дўстона ва хайрхоҳона доранд, аммо он чи саҳми худи мост, аз дигаре онро натавон хост. Мо бояд дар баробари баёнияҳо ва хитобаҳои адабӣ амиқан ба ин бовар бирасем, ки ин фарҳанг сад бор ҳаққи истиқлоли комил дорад, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат. Дар баробари ситоиши ифтихоромези забонамон самимона ба худ бовар бидиҳем, ки ин забон танҳо забони муошират ва шеъру адаб нест, балки на камтар аз ҳар забони ҷаҳонӣ метавонад забони илм, сиёсат, фанноварӣ (технология), саноат, низомӣ ва ғайра дар муосиртарин сатҳ бошад. Бо ҳосил ва қавӣ кардани ин эътимод ва итминон талош намоем, ки ба ҳамон дастури пешиниён рўҳиёти кости фарҳангӣ, ҳамчунин тасаввуроти ифротии дур аз амалро дар хонандаи имрўз ба воситаи таҳлилҳои адабии равонковона ва равоншиносона бартараф намоем.

Дар ин замина ҳатто бештар ва пештар аз адабиёт бояд нақди адабӣ фаъол бошад, чун ҳалли ин навъ мавзўъҳо вазифаи бевосита ва мустақими нақди адабӣ аст. Таҳлили мавзўии осори адабии муосир ба тавре бояд анҷом шавад, ки адибони имрўз мавзўъҳои ҷовидонӣ ва муқаддасе чун ватан ва ватандўстӣ, халқу миллат, истиқлол ва ҳувиятро бо диди амиқ ва шинохти васеъи ин масоил мавриди тасвиру баррасии адабӣ қарор бидиҳанд. То ҳанўз баъзан бар зарурати вуҷуди банду баст ва тасвири ҳунармандонаи адабии ин мавзўъҳо ишораҳое шудааст, аммо масъалаи аз ин муҳимтар он аст, ки ин мавзўъҳо дар кадом навъ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ тасвиру таҳқиқ мешаванд. Оё ин навъҳо ва ин сатҳҳо посухгўи хостаҳо ва масоили ҷаҳони муосир ҳастанд ё не?

Имтиёзи барҷастаи адабиёт ва фарҳанги муосири мо дар ҳаллу фасл ва таҷассуми бадеии ин мавзўъ, яъне истиқлол ва ҳувият, ки нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта ошкор аст, ин аст, ки имрўз ин мавзўъҳо на танҳо маҳдуд карда намешаванд, балки осори дар ин заминаҳо таълифшуда ҳимоят ва ташвиқ мешавад. Танҳо бояд бо арҷ гузоштан ба ин имкон дар мавзўъи мазкур бо ҷиддият ва жарфнигарии бештар, баёни бештар асаргузор ва мондагор ба таълифи осори муносиб пардохт.

Рустами Ваҳҳоб

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ МЕҲВАРИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Гўшро кар карда «Султон Ҷамҷама».[4]

Тўпи Замзама мисли «Шоҳтўп»-и (Царь пушкаи) русҳо рамзи қудрати салтанати Ҳинд дар Лоҳур дар муқобила бо истилогарон буд ва «Султон Ҷамҷама» аз зумраи ҳамон сурудҳои ба зоҳир мазҳабии (наъти) машҳурест, ки дар Тоҷикистон ҳам, аз ҷумла дар замони худи устод Турсунзода, ривоҷи тамом дошт ва фалсафаи тарки дунёро талқин менамуд ва дар байни мардум бо номи «Каллаи пўсида» ҳам маъруф аст. Ин байт гўё баёни дигаре аз сурудаҳои Иқбол буд, ки аз ҷумла суруда:

Шоири ҳиндӣ, Худояш ёр бод,

Ҷони ў бе лаззати гуфтор бод.

Ҳарфи ў човидаву бе сўзу дард,

Мурд хонанд аҳли дард ўро, на мард.[5]

Дар даврони баъдии адабиёти тоҷик, хусусан аз солҳои 60 ба баъд, дар назм мавзўъи худшиносӣ ва ҳувият ва истиқлоли миллӣ рангу ҷилои хоссае касб кард, умқи бештаре ёфт. Дар наср низ, бавижа насри таҳлилӣ ва андеша низ. Яке аз намунаҳои нахустин ва дурахшони ин ҷараён қиссаи нависандаи боистеъдод Пўлод Толис «Тобистон» буд. Пўлод Толис бо басирати хосси худ аҳаммияти равонковии фарҳангии миллати худро дарк намуда, дар симои яке аз персонажҳои пурмаънои ин қисса –Қосимҷон, ҷавони кўҳистонии тоҷик ҳамон таноқуз (парадокс)-ро ба сурати намунаи барҷастаи типи фарҳангии тоҷик офаридааст. Қосимҷон шахсест тору пуди вуҷудаш аз одамият ва инсонгарӣ сиришта ва дар ташаккули чунин шахсияте адабиёти классикӣ ва халқии тоҷик саҳми зиёд дорад. Аммо он намунаҳое, ки танҳо ба уфтодагӣ,  мазлумият, бечорагӣ, нотавонӣ, фидокории бефарҷом ҳидоят менамоянд. Дар натиҷаи азбар кардан ва қироати пайвастаи чунин ашъор Қосимҷон аз талаби ҳар гуна ҳаққу ҳуқуқ барои худ даст кашида ва зулм бар худро қисмати азалӣ медонад. Таваҷҷуҳ кунед ба намунаи ашъори вирди забони ў:

Чи сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,

На аз хунам замин олуда шуд, на домани поке…

Сари сарчашма рафтам ман ба вақте,

Ба оби дида биншондам дарахте.

Шамол омад, дарахтам решакан шуд,

Мани мискин надорам ҳеч бахте…[6]

Ин дақиқан ҳамон адабиётест, ки Иқбол низ чун нависандаи ин қисса мехост асароти яксўяи онро аз умқи равони фарҳангии милали Шарқ бизудояд.

Зимнан, ҷолиб аст, ки хатми фоҷиаомези зиндагии ин нависандаи накўном бо дифоъ аз ҳуқуқи ҳамон мардуме, ки Қосимҷон аз зумраи онҳо буд, робита пайдо кард. Маълум нест, бозии тақдир буд ё бозии қудрат.

Чунин тасаввур кардан ҳам, ки мо ҳамвора дар рўё рўй бо ситезҳо ва хусумати фарҳангҳои бегона қарор дорем, дуруст нест ва агар чунин бияндешем, ночор гўё доктринаи бархурди ногузири тамаддунҳоро қабул кардаем. Бисёранд нухбагони андешаи башарӣ дар ҳама милали мутамаддини ҷаҳон, ки сидқан ба адабу фарҳангу тамаддуни мо арҷ гузошта бо он худ ва кишварҳояшон муносибати дўстона ва хайрхоҳона доранд, аммо он чи саҳми худи мост, аз дигаре онро натавон хост. Мо бояд дар баробари баёнияҳо ва хитобаҳои адабӣ амиқан ба ин бовар бирасем, ки ин фарҳанг сад бор ҳаққи истиқлоли комил дорад, дар ҳама арсаҳо, аз ҷумла сиёсат. Дар баробари ситоиши ифтихоромези забонамон самимона ба худ бовар бидиҳем, ки ин забон танҳо забони муошират ва шеъру адаб нест, балки на камтар аз ҳар забони ҷаҳонӣ метавонад забони илм, сиёсат, фанноварӣ (технология), саноат, низомӣ ва ғайра дар муосиртарин сатҳ бошад. Бо ҳосил ва қавӣ кардани ин эътимод ва итминон талош намоем, ки ба ҳамон дастури пешиниён рўҳиёти кости фарҳангӣ, ҳамчунин тасаввуроти ифротии дур аз амалро дар хонандаи имрўз ба воситаи таҳлилҳои адабии равонковона ва равоншиносона бартараф намоем.

Дар ин замина ҳатто бештар ва пештар аз адабиёт бояд нақди адабӣ фаъол бошад, чун ҳалли ин навъ мавзўъҳо вазифаи бевосита ва мустақими нақди адабӣ аст. Таҳлили мавзўии осори адабии муосир ба тавре бояд анҷом шавад, ки адибони имрўз мавзўъҳои ҷовидонӣ ва муқаддасе чун ватан ва ватандўстӣ, халқу миллат, истиқлол ва ҳувиятро бо диди амиқ ва шинохти васеъи ин масоил мавриди тасвиру баррасии адабӣ қарор бидиҳанд. То ҳанўз баъзан бар зарурати вуҷуди банду баст ва тасвири ҳунармандонаи адабии ин мавзўъҳо ишораҳое шудааст, аммо масъалаи аз ин муҳимтар он аст, ки ин мавзўъҳо дар кадом навъ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ тасвиру таҳқиқ мешаванд. Оё ин навъҳо ва ин сатҳҳо посухгўи хостаҳо ва масоили ҷаҳони муосир ҳастанд ё не?

Имтиёзи барҷастаи адабиёт ва фарҳанги муосири мо дар ҳаллу фасл ва таҷассуми бадеии ин мавзўъ, яъне истиқлол ва ҳувият, ки нисбат ба ҳамаи давраҳои гузашта ошкор аст, ин аст, ки имрўз ин мавзўъҳо на танҳо маҳдуд карда намешаванд, балки осори дар ин заминаҳо таълифшуда ҳимоят ва ташвиқ мешавад. Танҳо бояд бо арҷ гузоштан ба ин имкон дар мавзўъи мазкур бо ҷиддият ва жарфнигарии бештар, баёни бештар асаргузор ва мондагор ба таълифи осори муносиб пардохт.

[1] Афлотун. Љумњур. – Душанбе: чопхонаи Маркази тарѓиби адабиёт, соли 2010, с.57.

[2] Ниг.Семюэль Хантингтон. Столкновение цивилизаций. – М.: АСТ, с. 32.

[3] Семюэль Хантингтон.Ҳамон асар, с. 17.

[4] Мирзо Турсунзода. Гулчини ашъор. Душанбе: Адиб, 2011, с.207.

[5]Мавлоно ИқболиЛоҳурї. Куллиёти ашъори форсї. – Теҳрон: Интишороти Саної, 1373 (ҳ.ш.), с. 294.

[6]ПўлодТолис. Тобистон.– Душанбе: Адиб, 1991, с. 40-41.

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru