• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Худогоҳӣ ва арзишҳои фарҳангӣ дар «Шоҳнома»

Фирдавсӣ бо зиндагардонидани таърих, фарҳанг, забон, расму русум, арзишҳои ахлоқи, ҷаҳонбини суннатҳои давлатдории Аҷам ба Сомониён, ки онҳоро номбардори сазовори Сосониён тасаввур менамуд, паёме додани буд, ки аз хатоҳои Сосониён ибратгиранд ва нагузоранд, ки Эрон- «шахри озодагон», сарзамини хираду фарудонишу некию ростӣ, сарзамини Аҳурамаздою Рустами Достон вайрон шавад ва ба ку номи палангону шерон ва нишастан гаҳи аждаҳо-бегонагон табдил ёбад:

«Дареғ аст Эрон вайрон шавад,

Ку номи палангону шерон шавад.

Ҳама ҷойиҷанги саворон будӣ,

Нишастангаҳи шаҳриёрон будӣ.

Кунун ҷойи сахти вуҷойи балост,

Нишастан гаҳи тез чанг аждаҳост.»

«Шоҳнома» таъриху зиндагии чандхазорсолаи Эрон ва эрониёнро аз офариниши нахустин инсон ва зуҳуру такомули тамаддуни башарӣ, давраҳои таърихи ва ташкили ҳукуматҳову инқирози охирин давлати бостонии Эронро фарогир мебошад. Ба он тавре, ки дар ҷаҳонбинии ғарбиҳо тамаддуни ҷаҳонро идомаи тамаддуни Юнону Рум шинохтаанд, дар ҳаммосаи миллии Эрон тамаддуни ҷаҳони шинохта шуда ва такомули ин тамаддун, ки дар асоси пайкори Хайру Шар устувор аст, аз Каюмарс-нахустинсон ё нахустподшоҳ оғоз гардида ва такомули он марҳила ба марҳила дар колаби салтанати подшоҳони асотирии баъди (Пешдодиён Р.Х) баёншуда, то давраи таърихӣ расидааст.

Бояд гуфт, ки Фирдавсӣ ба офариниши «Шоҳнома» дар шеъру адаби форсӣ саҳифаи тозае кушод, ки ӯ ба ваҳдати мавзӯи шоҳкории хешу куллияти ҳамосаи миллӣ таваҷҷуҳи хоса дошт. Иқдоми шоир ва кори оғоз кардаи ӯ мисли ҳар роҳбару пешравероҳро ба пайравони  худ кушод. Иштиёқе, ки эрониён ба «Шоҳнома» нишон додан ва ривоҷи мукаммали он ин шавқро дар шоирони дигар барангехт ва дар роҳе, ки ӯ (Фирдавсӣ Р.Х)оғоз карда буд, гом ниҳанд ва достонҳоеро бар асоси матнҳо ва ё он чи ба сурати шифоҳӣ ривоят мешуд, ба назм дароварданд.

 

Ҳаққо, ки «Шоҳнома» ҳама ганҷ асту мояи ифтихор, дар арабу аҷам «сухане бад-ин фасоҳат нест» гуфтааст Низоми Арӯзии Самарқандӣ «Шоҳнома» неруи идроки мардуми тамоми иқлими дунёро барои дарёфти адолат, ростӣ, дӯстӣ, инсоф ва худшиносӣ алайҳи ҷаҳолат, бедодиву дуруғ, номардиву беинсофӣ, душманиву ҷанг бедор мекунад, қувват мебахшад, роҳи омӯзиши донишу хирадро мунаввар месозад.

Фирдавсии бузург барои насли оянда кохе, ҳисоре бино мекард, барои дӯст тухми вафо, барои душман тухми ҷафо кишта ранҷи чандинсолаи ӯ ва тухми коштааш «Шоҳнома» бор овард.

Дар тӯли таърих буҳронҳои зиёди иҷтимоӣ ҷомеаи башарро аз як ранг ба ранги дигар, аз як сохт ба сохти дигар табдил дода, басорӯзгоронро аз саҳифаҳои таърих ба фано бурд. Шоҳону амирон ба коху ҳашаматашон беномунишон дар хоки нажанд рафтанд. Аммо гузашти айёму рӯзгорон, буҳрону ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба кохии бегазанди Фирдавсии бузург- «Шоҳнома», ки аз завк ва афкори бадеӣ, рӯҳуравон, дарду алам, кору пайкор, орзуву хоҳиши мардуми Аҷам таркиб ёфта,  ба пояи хираду дониш, адолату накӯӣ бунёд шудааст, натавонист газанде бирасонад.

 

Р. Хокироев,

Дотсенти кафедраи забони

тоҷикиии умумидонишгоҳӣ.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj