• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Дурри дарӣ

Эҳтироми забон-эҳтироми миллат

Забон яке аз арзишҳои асосии миллӣ ба шумор меравад. Дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ забони тоҷикӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад. Забон ягона воситаи гуфтугӯест, ки одамонро ба ҳам муттаҳид месозад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих ба шебу фарозҳои зиёд мувоҷеҳ гардидааст. Олимон ва пажӯҳандагони соҳаи забоншиносӣ нахуст давраи

рушди густариши забони тоҷикиро ба асрҳои 1Х-Х мансуб медонанд. Мувофиқи ишораи бархе аз сарчашмаҳо, забони тоҷикӣ дар аҳди салтанати сулолаи Саффориён забони коргузорӣ  ва расмии дарбор будааст. Дар аҳди давлатдории хонадони Сомониён забони тоҷикӣ ҳамаҷониба рушд кардааст. Олимону мутафаккирон, шоирону пажӯҳандагон бо забони ноби тоҷикӣ дурдонаҳои маънӣ суфтаанд. Соҳибони аслии забони тоҷикӣ забонро ҳамаҷониба сайқал дода, амсоли оина мусаффо гардонидаанд. Забони тоҷикӣ дар қарнҳои гузашта шуҳрати оламгир доштааст. Тавонманду пурғановат будани забон аз соҳибони аслии он масъулияти баланд тақозо мекунад. Дӯст доштани арзишҳои миллӣ, ба вижа, забон масъулияти соҳибони аслии онро дучанд намуда, барои поку бегазанд ва ҳамаҷониба ҳифз кардани дигар муқаддасоти миллӣ омили асосӣ шуда метавонад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад». Оре, поку бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ вазифа ва қарзи фарзандии мост. Забон ифодагари таъриху тамаддун баҳри ҳар як миллати бедордил аст. Дар тӯли таърих забонро соҳибони аслиаш чун гавҳараки чашм азизу муътабар дониста, барои рушди нумӯъ, равнақи инкишофаш камари ҳиммат баста, ин дурдонаи пурбаҳоро бо арзиши ҷон ҳифз кардаанд. Таърих гувоҳ аст, миллати тоҷик дар ҳар қарн зери фишор ва истисмору уқубати аҷнабиён қарор доштааст. Бо ин ҳама ҷабру зулм, миллати тоҷик ва дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки пояҳои забонро мустаҳкам ва устувор нигоҳ доранд. Аз қарнҳои гузашта то имрӯз забони тоҷикӣ дар ҳоли таҳаввулу ташаккул қарор дорад. Соҳибони аслии забони тоҷикӣ дар ҳар замон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки забони модариро поку бегазанд нигоҳ дошта, онро ба наслҳои оянда бирасонанд. Тозагию шевоии забон аз муносибат ва ғамхории соҳибони аслии забон вобастагӣ дорад. Дар покиза ва бенуқсон нигоҳ доштани забони модарӣ ҳама қишрҳои ҷомеа бояд масъул бошанд. Баъзан ба забони тоҷикӣ дағалона ва ё ноогоҳона муносибат намудани бархе аз шаҳрвандон ба чашм мерасад. Муғлақбаёнӣ ва нодуруст талаффуз кардани ибора ва ҷумлаҳо, бо забонҳои тоҷикию русӣ омехта муошират намудани кормандони соҳаҳои гуногун сари ҳар қадам мушоҳида мешавад. Ин амалҳои ба ном соҳибони забон ба ширинию равонии забони тоҷикӣ халал ворид месозанд. Омехта ба забони русӣ суҳбат оростан дар нутқи гуфтугӯии муаллимаҳои забони русӣ, чи дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чи дар донишгоҳу донишкадаҳо, байни хоҳарони шафқат ва тамоми муассисаҳои тандурустӣ ба таври равшан ба мушоҳида мерасад. Назари банда ин аст, ки мавқеи корбурди ҳар забонро бояд донист. Агар ҳамсуҳбатон бо забони русӣ суҳбат кардани бошанд, бигзор пурра бо ин забон суҳбат кунанд ва агар не, махлут кардани ду забон бо ҳам ҳусни гуфтори онҳоро зишт гардонида, пастии шуури маърифати забонии мутакаллимонро нишон медиҳад. Ашхоси равшанфикр, бахусус, тарбиятгари насли наврас набояд ба ҳусну зебоӣ, ширинию равонии забони модарии худ роҳ диҳанд. Дар тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми оила бориз аст. Ҳангоме ки як оила ба тақдири забони модарии худ бо меҳру шафқат ва дилсӯзӣ назар мекунад ва баҳри покизагиаш кӯшиш ба харҷ медиҳад, дар ин радиф як оила идеали асосии дигар хонавода шуда, ба ин восита теъдоди оилаҳои забондӯст меафзояд. Омӯзиши дурусти забон ва ё нодуруст омӯхтан ва истифода намудани он аз оила маншаъ мегирад. Забоншиноси тоҷик Ғаффор Ҷӯраев дар ин бобат чунин ақида дорад: «Марги забон аз оила сар мешавад. Агар аҳли оила бо забони дигар гаравад, тафаккури вай ҳам бегона мешавад. Чун оила узви хурдтарини ҷомеа аст, агар пайравони зиёд пайдо кунад, метавонад ҷомеаро обод ё хароб намояд». Барои омӯзиши дурусти забони модарӣ, пеш аз ҳама, бояд дар ниҳоди мардум меҳри омӯзишро равнақ бубахшем ва сипас мафҳуми худшиносиро рӯи кор биёрем ва барои расидан ба худшиносии миллӣ, ки дар он ҳикмату хиради халқ нуҳуфтааст, талош намоем. Омӯзиши забонҳои мухталифи олам, бахусус, русӣ ва англисӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Омӯзиши забонҳои русию англисӣ воқеияти сиёсию фарҳангӣ дорад. Аз худ кардани онҳо озод аст, аммо омӯзиш, ғамхорӣ ва инкишоф додани забони давлатӣ қарзи ҳар фарди бо нангу номус, худогоҳ, худшинос ва ватандору ватандӯст мебошад». Оре, ҳақ ба ҷониби Сарвари муаззами мост, ки омӯзиши забонҳои хориҷиро ба ҳамагон талқин намуда, ҳифз ва тоза нигоҳдоштани забони модариро барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон муҳим медонанд. Поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ аз соҳибони аслиаш вобастагӣ дорад.

 

Маъдӣ Абдураҳмонов

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj