• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 



Раҷаб    Ҳакимов,
cардори Маркази такмили  ихтисос  ва бозомӯзии кадрҳо,
номзади илмҳои сиёсӣ,  дотсент

 

 

 

Самти фаъолият

Дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии мо мебошад.

Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  20.04.2010 №5/1 552 дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои филологияи тоҷик, забони англисӣ, математика, педагогика, химия, биология, география, технология, забонҳои романию германӣ, таърих ва ҳуқуқ таъсис дода шуд.

Ҳадафи худро барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, миёнаи махсус ва олии касбӣ, дигар муассисаҳои таълимӣ, инчунин ташкили курси кӯтоҳмуддат, семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гурӯҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмию методӣ ва ғайра мебошад.

Мақсади асосии Марказ омода намудани мутахассисони варзидаю баландихтисос ва рақобатпазир барои бозори меҳнат мебошад. Барои расидан ба ин мақсад Марказ аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷудаи технологияи муосир ва кадрҳои баландихтисос истифода мебарад.

 

Сохтори  идоракунии Марказ

Бо мақсади ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пайдо намудани ҷойҳои корӣ ва ба таълим фаро гирифтани ҷаванон бо супориши ректори донишгоҳ ва қарори раёсати донишгоҳ аз 1 – уми апрели соли 2012 дар назди Марказ курси кӯтоҳмуддати ихтисосҳои «Сартарош», «Дӯзанда»,  «Кафшергари барқӣ - газӣ», «Қаннодӣ», «Устои барқ» ташкил карда шуд. Аз рӯйи ихтисосҳои пешниҳодшуда нақшаи таълимии 1-моҳа, 2-моҳа, 3-моҳа дар ҳаҷми 432 соат таҳия карда шуд. Натиҷаи ташвиқу тарғиби роҳбарияти  донишгоҳ ба воситаи садою симо буд, ки соли хониши 2013-2014 дар курсҳои номбаршуда теъдоди зиёди  шунавандаҳо ҷалб карда шуданд.

Бояд гуфт, ки барномаҳои таълимии марказ аз ҷониби устодони варзидаи донишгоҳ таҳия шуда, дар кафедраҳо муҳокима карда шудааст. Барои таълими фанҳо бошад устодони ботаҷриба ҷалб карда шудааст.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru