• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Вуруди қарни XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарққ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диқати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф мешавад, балки рўз аз рўз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррўза амалиёти гуногуни террористӣ дар гўшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии  онҳо ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд.

Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурўҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ яке аз он умумиэътирофшуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Дар муборизаи зидди терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки ягон давлат гурўҳҳои ҷудоихоҳӣ дар дохили мамлакати худ амалкунандаро гурўҳҳои террористӣ эълон месозад ва ба муқобили онҳо мубориза мебарад.   Бо рўйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 вазъи сиёсии ҷаҳон ба куллӣ таѓйир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Баъди амалиёти террористии моҳи сентябри соли 2001 дар Аврупо дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегўянд, вале ислом ба монанди дигар динҳои чаҳонӣ нисбат ба хушунату зўроварӣ муносибати манфӣ дорад, ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

Солҳои охир дар кишварҳои ИДМ амалҳои мушаххасе баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм сурат мегиранд. Ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқие қабул мегарданд, ки ба сифати санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шинохта мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ байни давлатҳои аъзои он вусъат меёбанд. Ҳатто маркази ягонаи муборизаи зидди терроризм ва экстримизм (соли 2000) таъсис дода шудааст, ки он дар асоси аҳдномаи байни кишварҳои ИДМ аз моҳи июни соли 1993 оид ба муборизаи муштараки зидди терроризм фаъолият дорад.

Шўрои сарони давлатҳои ИДМ барномаи мубориза бар зидди терроризм ва шаклҳои дигари зухури экстримизмро пазируфта буданд. Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Ереван қарор доданд, ки нерўҳои муштараки зудамалро дар минтакаи Осиёи Марказӣ ташкил намоянд.  Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) бошад, Конвенсияи муборизаи зидди терроризм, сепаратизм ва экстримизмро қабул намудааст. Дар замони муосир якчанд роҳҳои мубориза бо терроризм мавҷуданд: ҳуқуқӣ, зўрӣ, дохилӣ ва берунӣ. Роҳҳои ҳуқуқии мубориза дар асоси нишондоди созишномаҳои байналхалқӣ сурат мегирад. Усули зўрӣ, ки он ба азбайнбарии терроризм мусоидат намекунад, баръакс терроризмро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ чандин аҳолии осошта низ зарар мебинад.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм қонуну санадҳои муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ аз доираи он мамлакатҳои гирифтори терроризм ва экстримизм, берун нест. Гурўҳҳои тундраве, ки дар солҳои чанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрўз мавҷудияти худро аз даст надода, мавридҳои гуногунро истифода намуда, амалиёти худро ба вуҷуд меоранд, ки ба ин воқеаҳои соли охир дар қисмати шимолу ҷануби мамлакат мисол шуда метавонанд.

Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалкӣ муборизаи худро нисбат ба терроризм таҳким бахшида, вобаста ба ҳалли ин масоили умдаи рўз тадбирҳои зиёдеро низ руи даст гирифтааст.

Хуршед Абдуев

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj