• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

22 марти соли 2018 Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид. Об яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ин масъала ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд.

Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем. Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Исоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро, ки об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад, ки ин масъала тамоми мардуми курраи заминро дар ташвиш гузоштааст. Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур аст. Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст. Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об коста мегардад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj