• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатбори ин фаъолиятҳо Пешвои муаззами миллати мо қариб дар ҳама суханрониҳояшон муҳиммияти муборизаи муштаракро бо ин падидаи номатлуби қарни ХХІ таъкид менамоянд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.  Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.  Масалан, ҳоло гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки баъзе аз вилоятҳои нафтхези кишварҳои Сурия ва Ироқро ишғол намудааст, захираҳои нафтии ин кишварҳоро, ки сарвати миллии мардуми Сурия ва Ироқ мебошад, бо нархи ночиз ба бозори сиёҳ бароварда мефурӯшад. Агар ҳоло нархи як баррели нафт дар бозори расмӣ ҳудудан 45-50 доллари ИМА бошад, гурӯҳи “Давлати исломӣ” нафти Ироқро ҳоло бебаркаш бо нархи 20-25 долларӣ ба фурӯш гузоштааст. Аз ин ҳисоб ширкатҳо ва давлатҳои алоҳида миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд. Таври маълум ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост.  Қайд кардан зарур аст, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамон дастоварди бузурги истиқлолият буда, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар аст, ки миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст. Хушбахтем, аз он, ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар мебарем.

Хулоса, терроризму ифротгароиро бояд ҳамаи кишварҳои сайёра ҳамчун бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо он ба роҳ монанд.

Самӣ Орифов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj