• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

 

Вазъи кунунии сиёсии ҷаҳони муосир моро аз таъмини бехатарии давлатҳо нигарон мекунад. Афзоиши суръатноки ҷаҳонишавии манфиатҳо, муттаҳидсозии давлатҳо ва халқҳо дар Аврупо, пайдоиши босуръати шабакаи Интернет, рушди технологияҳо дар илм ва тиб ва дигар соҳаҳо, кашфи фазои коинотӣ, паҳншавии демократия ва озодии сухан дар собиқ давлатҳои Шўравӣ, пайдоиши кишварҳои сарватманд ва рушдёфта, истеҳсолоти зиёди мол ва мавҷудияти маҳсулоти гуногун, аз як тараф пешрафт ва рушди дунё ва ҳақиқатро дар саросари ҷаҳон ва ояндаи зебои инсоният нишон медиҳад, вале аз тарафи дигар, ҷангу низоъҳо, барҳамхурии иттифоқҳои калон ва давлатҳо, нотинҷии ҷомеа, пайдоиши терроризму экстремизм, баландшавии ҷинояткорӣ ва коррупсия, фиреб ва дуздии одамон, муҳоҷирати оммавии халқҳо, камбизоатии аксари аҳолии дунё, пайдоиши бемориҳои нав ва вирусҳо ва ғайраҳо, инъикоси манфии вазъияти ҷории ҷаҳони муосирро тасвир мекунад ва аз амнияти нави дунёи одамон огоҳ мекунад.

Бояд хотиррасон кард, ки баъди пошхўрии Ҳукумати Шўравӣ ва барҳамхўрии зиддияти чандинсола байни Ғарб ва Шарқ, таҳдиди 50- солаи ҷанги ядроӣ, ки ҳамчун таҳдиди анъанавӣ фаҳмида мешуд, дар арсаи сиёсии дунё таҳдидҳои нави ба ном ғайрианъанавӣ пайдо шудаанд. Бисёре аз олимону таҳқиқотчиён, чӣ ватанӣ ва чӣ хориҷӣ, оид ба ин ё он паҳлуҳои гуногуни хатарҳои муосир дар корҳои илмии худ қайд кардаанд. Бештари олимону таҳқиқотчиёни ватанӣ, албатта, дар бораи бехатарию амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухану ақидаҳои худро баён кардаанд. Пас, зери мафҳуми таҳдидҳои ғайрианъанавӣ мо чиро метавонем фаҳмид ва ё онҳо чиро ифода мекунанд? Ба андешаи бештари олимон, ҳама он чизе, ки ба соҳибихтиёрии давлат таҳдид мекунад, ҳамчун таҳдидҳои ғайрианъанавӣ фаҳмида мешавад. Ба онҳо ҳам таҳдидҳои калон, ба монанди терроризм, ҷаҳонишавӣ, гармшавии иқлим ва ҳам дигар таҳдидҳои ҳам глобалӣ ва ҳам минтақавӣ, дарунӣ дохил мешаванд. Омўзиши маводҳои гуногун маълум кард, ки ба таҳдидҳои ғайрианъанавӣ дохил мешаванд: ҳама намудҳои терроризм, ба монанди терроризми байналмилалӣ, биологӣ, аграрӣ, экологӣ; ҳама намудҳои фало-катҳои табиӣ, ба монанди фалокатҳои экологӣ, заминларза, обхезиҳо, сунами ва бодҳои азимҷусса, фурўравии кўҳу заминҳо, сел ва лағжишҳо, вайроншавии обу ҳаво, гармшавии иқлим, заҳролудшавии замину об, растаниву ҳайвонот ва фауна; ҳама намуди ҷинояткориҳо, ба монанди ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, рушди коррупсия, ҷиноятҳо ба тариқи Интернет (кибертерроризм); ҳама намуди қочок, ба монанди қочоки маводи мухаддир, яроқу аслиҳа, одамфурўшӣ ва ғайра; ҳама намуди паҳншавии бемориҳо ва вирусҳо, ҳашароту бактерияҳои зараррасон, паҳншавии босуръати бемориҳои сироятӣ, ба монанди вируси норасоии масунияти одам, эбола, газак, табларза, гриппҳои гуногун, ҳам инсонӣ ва ҳам ҳайвоноту парандаҳо, паҳншавии босуръати бемориҳои асабонӣ (психикӣ), дилу ҷоғар, қанд ва саратон ва ғайра; проблемаҳои иҷтимоӣ, ба монанди рушди камбизоатӣ, баландшавии нарху арзиши маҳсулот, тақсимшавии ҷомеа ба табақаҳо, фарқияти манфии байни шаҳрҳои калону деҳоту минтақаҳо, бадшавии саломатии аҳолӣ, сатҳи пасти маориф ва таълим, хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, мутахассисони касбӣ ба дигар давлатҳо; проблемаҳои ақидавӣ ва идеологӣ, ба монанди низоандозӣ дар ҷомеа, маҳалгароӣ, шовинизм ва сепаратизм, миллатгароӣ ва фашизм; масъалаҳои энергетикӣ, таъмини аҳолӣ бо барқу сўзишворӣ, баландравии нархи маҳсулотҳои сўзишворӣ, рақобат байни давлатҳо дар масъалаи нафту газ, тақсимоти байнисарҳадии арзишҳои энергетикӣ ва ғайра.

Беҳуда нест, ки оид ба ин ва дигар паҳлуҳои паҳншавии таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба соҳибихтиёрии давлатҳо Ҳукумату давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду конфронсҳои гуногуни байналмилалӣ таъкид карда буданд. Ба он конфронси байналмилалӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ш. Душанбе гузашта буд, шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ қабул кард. Ҳамин тариқ, 16-уми ноябри соли 1999 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул кард, ки заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар кишвар муайян намуд. Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии терроризм, амалҳои террористӣ, ташкилотҳои террористӣ, фаъолкунандагони бевоситаи муқобили терроризм, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва ғайраро муайян кард.

Инчунин, бо сабаби пайдоиши ҳодисаҳои гуногуни нав ва падидаҳо дар соҳаи амнияти миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм»-ро қабул кард. Дар ин Қонун мафҳумҳои асосии экстремизм, фаъолиятҳои экстремистӣ, ташкилотҳои экстремистӣ ва ма-водҳои экстремистӣ муайян карда шуданд. Бояд қайд кард, ки фикри он ки яке аз намудҳои ин таҳдидҳо асосӣ ба ҳисоб меравад, ё аз ҳама хатарнок аст, саҳв аст, чунки ҳамаи таҳдидҳои дар боло зикршуда ба таври муайян аз рўйи характери худ хатарнок ҳисобида мешаванд ва онҳо на танҳо ба як кишвар ва ё давлат, балки метавонанд ба тамоми инсоният таҳдид кунанд. Пеш аз ҳама, бояд мафҳуму амали чунин таҳдидҳоро хуб дарк кард ва омўзиш кард, ки онҳо чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо метавонанд ба амнияти давлат таъсир расонанд. Барои мубориза бар зидди чунин хатару таҳдидҳо, албатта, муттаҳидии ҷомеа ва аҳолӣ бо давлат, муттаҳидии давлатҳо байни ҳамдигар, ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, муттаҳидии мақомоти дахлдори байни давлатҳо заруру муҳим аст. Барои мубориза бар зидди хатарҳои замони муосир ба ақидаи бисёре аз таҳқиқотчиён, ташкил ва ё созмони маркази итилооти махсусе, ки доимо бо масъалаи мазкур сару кор барад, бо итилооту далелҳои тару тоза мақомоту давлат ва аҳолиро таъмин кунад, чунин падидаҳоро зери омўзиш қарор диҳад ва, албатта, ҳамчун маркази итилоотии аз ҷониби давлат ташкилшуда ба ҳисоб равад, бисёр зарур ва муҳим аст. Барои Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол омўзиши паҳлуҳои гуногуни хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои таҷрибадори байналмилалӣ, бо давлатҳои абарқудрат яке аз масъалаҳои муҳим барои пешгирӣ ва бартараф намудани хатару таҳдидҳои гуногуни ҳам анъанавӣ ва ҳам ғайрианъанавӣ барои таъмини амнияту суботи миллӣ ба ҳисоб рафта, омўзишу таҳқиқи алоҳидаи илмию амалиро талаб мекунад.

Абдулваҳҳоб ШАРИПОВ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj