• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Маълумот оид ба бакалавриат

Бакалавриат -  зинаи аввали (заминавии) таҳсилоти олии касбӣ буда, бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони баландихтисос, махсусан, дар соҳаи омӯзгорӣ таъсис дода мешавад. Дараҷаи бакалавриат таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити мусоид муҳайё месозад ва баробарарзишии онҳоро таъмин менамояд. Мӯҳлати таҳсил барои дарёфти дараҷаи бакалавр дар шӯъбаи рӯзона на камтар аз чор  сол ва барои  шӯъбаи ғоибона на камтар аз панҷ сол муқаррар карда мешавад.

Қабул ба бакалавриат

-ба бакалавриати Донишгоҳ дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, тибқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ қабул карда мешаванд.

-шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин, шахсони бетабааи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бакалавриати Донишгоҳ  дар асоси шартнома ва мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ қабул карда мешаванд.

-ба гурӯҳи шартномавии бакалавриати Донишгоҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои ҳуҷҷати баробарэътирофии намунаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ мебошанд, қабул карда мешаванд.

-миқдори ҷойҳои буҷетии қабули донишҷӯён барои таҳсил аз рӯйи барномаҳои асосии таълимии дараҷаи бакалавр, ки дар асоси замимаи Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дода шудааст, бо пешниҳоди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағҳои ҷудошуда муайян карда мешавад.

-довталабон барои дохил шудан ба бакалавриат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба номи Ректори Донишгоҳ;

- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (намунаи давлатӣ ё нусхаи аслии дипломи эътирофкардашуда);

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/у);

- 6 адад сурат (3х4);

- шиноснома ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд;

- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

- тавсифнома.

-шаҳрвандони хориҷӣ ба бакалавриат дар асоси талаботи зерин қабул карда мешаванд.

- мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ;

- тибқи  бурсияҳои муқарраршуда бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқи шартномаи дутарафаи Донишгоҳ ва ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёри нишондодҳои теъдоди донишҷӯён ва риояи талаботи Низомномаи мазкур.

Таҳсил дар бакалавриат аз 1-уми сентябр (25 –уми  август) оғоз мегардад. Таҳсил дар бакалавриат дар асоси нақша ва барномаҳои таълимии таҳиянамудаи Донишгоҳ, ки мутобиқӣ Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд ва аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда мешавад. Сарбории умумии дараҷаи  «бакалавр» дар як ҳафта бояд аз 68-72 соат зиёд набошад. Сарбории фаъоли аудиторӣ (машгулиятҳои амалӣ, назариявӣ ва таҷрибавие, ки аз ҷониби омӯзгор гузаронида мешаванд) дар як ҳафта ҳудуди  то 36 соат ба ҳисоби миёна ташкил медиҳад медиҳад. Ба ҳисоби кредит ин шумора дар семестри таълимӣ ба 28-34 кредит баробар аст.

Барои маълумоти зарурӣ Муфассалро пахш кунед...

 
free pokerfree poker

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: tgpu2004@mail.ru