• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Китобхонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 1931 таъсис гардида, дар тӯли фаъолияти хеш дар тайёр намудани мутахассисону омӯзгорони дорои маълумоти олии педагогии баландихтисос, нақши муҳим гузоштааст. Дар навбати худ китобхонаи Донишгоҳ барои бо китобҳои дарсӣ,таълимӣ, методӣ, илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ бо забони тоҷикӣ, русӣ ва ғайра таъмин намудани омӯзгорон, аспирантон, магистирҳо ва донишҷӯён кӯмаки ногузир менамояд.

Китобхона мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» Низомномаи мактаби олӣ, Низомномаи китобхона, фармонҳо, дастурҳо ва мактубҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои ректору ҷонишинони он, қарорҳои шӯрои олимони донишгоҳ, раёсати донишгоҳ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти китобхонаи Донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи ташвиқи китоб ва иттилоот дар байни устодон ва донишҷӯён ва бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маводи зарурӣ нақши муҳимро бозида истодааст.

Китобхона аз шуъбаҳои зерин иборат аст: шуъбаи таъминот ва коркарди китоб; шуъбаи захиравии китобхона; фонди тиллоӣ; шуъбаи хизматрасонӣ; толори хониш ва китобхонаи электронӣ; толори матбуоти даврӣ; толори олимон, аспирантон ва магистрантҳо; шуъбаи автоматикунонӣ

Китобхона аз 6 толор ва 456 ҷои иборат аст. Компютерҳо 42 ададро ташкил медиҳанд. Толори олимон, аспирантон ва магистрантҳо 16 ҷои нишаст ва 17 компютер бо интернет пурра пайвастанд. Толори хониш ва толори электронӣ – 145 ҷои нишаст, 16 компютер дорад.Толори матбуоти даврӣ бошад, 36 ҷои нишаст дорад.

Китобхона ба 25 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон обуна шудааст, ки онҳоро мунтазам мегирем.

Давомоти яксола ташрифи омӯзгорон, донишҷӯён, аспирантон, докторантҳо ва магистрантҳо ба китобхонаи Донишгоҳ 225739 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 200117 донишҷӯён, 10368  омӯзгорон, 3824 докторант ва аспирантон, 11430 магистрҳо аз китобҳо ва китобхонаи электронӣ пурра истифода мебаранд.

Хизматрасонӣ ба донишҷӯён дар ҳама шӯъбаҳои китобхона ҳар рӯз 1400 - 1500 нафарро ташкил медиҳад. Ба толори хониш ва китобхонаи электронӣ ҳар рӯз зиёда аз 1000-1300 нафар муроҷиат менамоянд.

Инчунин устодони Донишгоҳ маводҳои электронии худро ба фонди китобхонаи электронӣ супоридаанд. Фонди умумии китобҳои электронӣ зиёда аз 308808 маводи электронӣ ташкил медиҳад.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj