• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

АТТЕСТАТСИЯИ АСПИРАНТОНУ ДОКТОРАНТОН ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

163.JPG - 204.52 KbИмрӯз, 27.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аспирантону докторантон аз комиссияи аттестатсионӣ гузаронида шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бахши мазкур барои паешрафти фаъолияти илмии аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён саҳми назаррас дорад ва барои боло бурдани потенсиали илмии донишгоҳ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад. Баргузории комисияи мазкур тибқи нақшаи кории бахши докторантура ва нақша-чорабинии раёсати донишгоҳ ҳамасола дар охири моҳи ноябр гузаронида мешавад. Дар комиссияи мазкур тамоми аспирантону докторантон бо роҳбарони илмии хеш ширкат варзиданд, ки ҳайати он аз раиси комиссия, котиб ва 4 нафар аъзо иборат буд:

1. Мирзораҳимов Акобир Каримович – д.и.б., муовини ректор оид ба корҳои илмӣ (раиси комиссия)

2. Бобокалонова Раъно – н.и.ф., мудири бахши докторантура (котиби комиссия)

3. Ҳакимов Раҷаб – н.и.с., дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсия (аъзои комиссия)

 

4. Бандаев Сироҷиддин Гадоевич – д.и.х., профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ (аъзои комиссия)

5. Холиқова Мастона – н.и.ф. дотсент (аъзои комиссия)

6. Умаров Умар – н.и.ф., дотсент, декани факултети физика (аъзои комиссия)

Ҳадафи комиссияи мазкур пеш аз ҳама муайёян намудани сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотии аспирантону докторантон мебошад. Ҳамаи онҳо аз раванди корҳои илмӣ-тадқиқотии худ ба аъзоёни комиссия ҳисобот пешниҳод намуданд.

Кори комиссия ҳанӯз дар ин самт идома дорад.

Суратгузориш аз рафти Комиссияи аттестатсионии аспирантону докторантон:.

 

162.JPG - 122.75 Kb 163.JPG - 204.52 Kb 164.JPG - 187.28 Kb 165.JPG - 180.59 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj