• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ

1.JPG - 154.29 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 30-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосӣ, бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини якум, муовини аввали ректор оид ба корҳои таълим н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ҳусни оғоз бахшидаву доир ба ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти шоир Мирзо Турсунзода суханронӣ намуд. Дар бахши илмии чорабинӣ декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Р. ва омӯзгорони кафедра н.и.ф., профессор Саидов С., д.и.ф., профессор Элбоев В., д.и.ф., профессор Солеҳов Ш., дотсент Қурбонов А. доир ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи шоир Мирзо Турсунзода маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ бошад, аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли факултет ғазалхонӣ, гуфтори бузургон дар васфи шоир, рақси чакан ва бадахшонӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ аз рӯи достонҳои “Писари Ватан” ва “Ҷони ширин”-и шоир пешкаши тамошобинон гардид, ки бо маҳорати баланду хоса иҷро гардид.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 154.29 Kb 2.JPG - 214.30 Kb 3.JPG - 220.32 Kb 4.JPG - 204.09 Kb

5.JPG - 198.60 Kb 6.JPG - 198.18 Kb 7.JPG - 208.43 Kb 8.JPG - 110.61 Kb

9.JPG - 209.96 Kb 10.JPG - 115.37 Kb 11.JPG - 96.49 Kb 12.JPG - 180.32 Kb

13.JPG - 134.56 Kb 14.JPG - 131.67 Kb 15.JPG - 134.77 Kb 16.JPG - 147.98 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj