• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ОМӮЗГОРОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД

9.JPG - 196.57 KbСанаи 29.04.2021 дар маркази  захиравии забони англисӣ маросими хатми курси такмили ихтисос, ки аз тарафи Елис Бритон-омӯзгори соҳибзабон тариқи маҷозӣ (онлайн), барои 13 омӯзгори факултети забони англисӣ ва 2 нафар омӯзгори кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм дарс мегуфт, баргузор гардид. Дар маросими шаҳодатномасупорӣ тариқи маҷозӣ бо воситаи барномаи “ZOOM”  Ҷейс Ливингстон-директори бахши маорифи Сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Ниязова ассистент, Елис Бритен омӯзгори  соҳибзабон ва  Гулчеҳра Очилова-координатори маркази захирвии забони англисӣ аз тарафи Сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Меҳмонон барои бо мувафақият хатм намудани курс ва ҷиҳати сазовор гардидан бо шаҳодатнома омӯзгоронро таҳният намуданд. Аз тарафи омӯзгорон Наимҷон Гулямов- муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ва Ғайрат Шакарбеков мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ҳамзамон муаллими калони кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм, омӯзгори дарсдиҳанда аз тарафи сафорат Елис Бритон ва дигар намояндагонро ҷиҳати ташкил намудани чунин курсҳо изҳори минатдорӣ намуданд. Чунин курсҳо дар маркази захиравии забони англисӣ хеле ҷоннок мебошад, ҳамаи омӯзгорони забони англисӣ дар дигар курсҳо низ мунтазам иштирок мекунанд ва аз маводҳои технкӣ аз қабили интернет, чопи варақ ва ғайраҳо хуб истифода мебаранд, ки ин сатҳу сифати таълимро дар донишгоҳ боз  баландтар намуда истодааст.

 

1.JPG - 170.69 Kb 2.JPG - 141.15 Kb 3.JPG - 148.33 Kb

4.JPG - 157.62 Kb 5.JPG - 168.42 Kb 6.JPG - 152.07 Kb

7.JPG - 161.20 Kb 8.JPG - 136.74 Kb 9.JPG - 196.57 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj