ҲАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ КИТОБИ “ОФТОБИ ТАРБИЯТ”
4 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки як зумра олимон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва рӯзноманигорон муаррифии китоби “Офтоби тарбият”, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст, баргузор гардид. Садри ин ҷамъомади муаррификунанда мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои ин китоб ошно намуд. Сипас муаллифони мақолаҳо ва мураттибони ин китоб доир ба хусусияти вожаи “тарбия” анешарониҳо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки муаррифии ин китоб ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст. Китоби мазкур бо пешгуфтори д.и.с., профессор Саймумин Ятимов оғоз ёфта, фарогири 27 мақолаи пургуҳар ва ҳаҷми саҳифоти он ба 350 мерасад. Дар он аксаран, сухан дар бораи ғояи тарбияти классикӣ ва ҳамчунин сюжаву устухонбандии Консепсияи тарбияи миллии муосир меравад. Дар фарҷоми муаррифии ин китоб аҳли нишаст бо навбат аз зарурияти таълиф ва тартиби он андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин китоб минбаъд ба аҳли тарбиятгарони ҷомеаи кунунӣ арзишмандтарин китоби рӯимизӣ хоҳад буд. Тавре ки Ҳофизи Шерозӣ фармудааст: Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт, Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.
|