• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

Қосимӣ Саъдӣ Абдулқодир

муовини якуми ректори

ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

н.и.ф., дотсент

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА РУШДИ ОН

ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1.jpg - 113.39 KbСоҳибсухане барҳақ фармудааст, ки “Ҳеҷ неъмате беҳтар зи истиқлол нест” ва дар ҳақиқат беҳтарин неъмат барои инсон ба даст овардани истиқлол ва озодӣ ба шумор меравад.

Мардуми тоҷик беш аз ҳазор сол баҳри озодию истиқлол талошу мубориза мебурданд ва ин орзую умедашон 9 сентябри соли 1991 ҷомаи амал пӯшид ва инак 30 сол мешавад, ки онҳо аз ҳавои фараҳбахши Истиқоли давлатӣ нафас мегиранд ва барои бунёди ҷомеаи пешрафтаи кишварамон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи тоҷик ба шумор рафта, махсусан, барои пешрафти соҳаи маориф ва илм шароит ва имкониятҳои басо мусоид фароҳам овард. Соҳаи маориф самти асосӣ ва стратегӣ эълон карда шуда, дар ҷумҳурӣ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид.

Ҳамаи рукнҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра, пеш аз ҳама, дар заминаи мактабу маориф рушд меёбанд. Аз ин ҷост, ки давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, аввалтар аз ҳама, ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи миллатсоз ҷалб месозад.

Боиси таъкиди хос аст, ки яке аз комёбиҳои назарраси даврони Истиқлоли давлатӣ тайи солҳои 1991-2021 таҳия ва  мавриди қабул қарор ёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Дар ин робита, дар баробари ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ба хотири милликунонии низоми таҳсилот дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ, пеш аз ҳама, зина ба зина тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатии соҳаи маориф аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илм таҳия ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, дар даврони Истиқлол бори сеюм аст, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад. Дар заминаи қонуни мазкур барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатии  соҳавӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Илова бар ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар таҳрири нав бо назардошти меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ ва гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми таҳсилоти аврупоӣ дар таҳрири  нав таҳия ва тасдиқ шуд. Аз ҷумла, Низомномаи аттестатсияи хатм (2015), Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Беҳтарин донишҷӯи сол», Низомномаи низоми  кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017), Низомномаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (2019) ва ғайра.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, пешгӯиҳои иҷтимоӣ, банақшагирӣ ва танзими номгӯи ихтисосҳо, миқдори мутахассисон ва сифати тайёр намудани онҳо мувофиқи талаботи ҷомеа ва бозори меҳнат «Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.

Бо назардошти гузариши муассисаҳои таҳсилоти олиии касбӣ ба низоми таҳсилоти аврупоӣ ва мутобиқ сохтани нақша ва барномаҳои таълимӣ ба низоми мазкур соли 2018 тамоми нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таълимӣ дар таҳрири нав таҳия ва мавриди татбиқ қарор гирифт.

Дар солҳои 1999-2021 вобаста ба шароити нави иқтисодӣ ва рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ куллан тағйир ёфт. Дар ин давра дигаргуниҳо дар мақоми муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва филиалу литсейҳо ва марказҳои касбомӯзӣ, институтҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ дар назди онҳо, инчунин, таъсиси филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дар шаҳри Душанбе ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосир ифода меёбад.

Мусаллам аст, ки рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамзамон соҳаи маориф ва илм ҳам ба маблағгузории он вобастагии амиқ дорад. Дар ин замина Тоҷикистон чун як кишвари ҳамқадами замон бо дарки зарурат ва манфиати пешрафти соҳаи маориф ҳамасола маблағгузории соҳаи мазкурро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додааст. Албатта, солҳои аввали даврони истиқлол вобаста ба воқеаҳои маълум дар самти маблағгузории соҳа мушкилоти хеле зиёд ба миён омада буд.  Аммо   бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағзугории соҳа давра ба давра зиёд гашт.

Ҳамин тавр, агар дар соли 2010 ба соҳаи маориф 1 млрд. 68 млн. 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас ин нишондод дар соли 2021  - 5 млрд 597 млн 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор ба зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2010-ум 177 млн. 982 ҳазор ва дар соли 2021-ум  779 млн. 300 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Дар замони истиқлол бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати дастрасии ҷавонони тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таҳсил теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ батадриҷ зиёд шуд ва ҳамин тавр афзоиши шумораи чунин муассисаҳо то имрӯз дар ҳолати рушд қарор дорад. Масалан, агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷӯ (23600 духтар) фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 41 муассиса бо фарогирии 244652 нафар  (85534 духтар) донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад.

Бо назардошти таъсиси муассисаҳои таълимии навтаъсис ва бо биноҳои маъмурию таълимӣ таъмин намудани дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар даврони истиқлол бо кумак ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат 74 бинои маъмурӣ ва таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар баробари ин сохтмони биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бомаром идома дорад.

Ҳамзамон, барои таъмини донишҷӯёни шаҳру ноҳияҳои дурдаст бо макони зист дар ин давра дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 хобгоҳи замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифт.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ислоҳоти соҳа ва ҷиҳати вобаста ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улғзода,  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва ғайра ихтисосҳои нав кушода шуд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ агар соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рӯи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медод медоданд. Имрӯз аз теъдоди умумии омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар доктори илм ва 3539 нафар номзади илм аз рӯйи зиёда аз 600 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Боиси сарфарозист, ки дар муссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баробари гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони давлатӣ, ҳамзамон гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ин раванд ба забондонии донишҷӯён кумаки беандоза расонида, дар баробари ин дар мавриди табодули донишҷӯён бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шароит муҳайё месозад.

Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълими 244 ихтисос бо фарогирии 34731 нафар донишҷӯ бо забони русӣ ва дар 20 муассисаи таълимӣ аз рӯи 27 ихтисос бо фарогирии 4125 нафар донишҷӯ бо забонӣ англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯллаи Москва», Донишгоҳи Осиёи марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз иқдомҳои некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар замони итстиқлол, махсусан тайи солҳои 2006-2011 дар ҳаёт ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тағйироти куллӣ ба миён омад.  Маҳз дар ҳамин давра дар ҷумҳурӣ 6 донишкада ва 5 филиал таъсис дода шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, кӯҳӣ-металлургӣ, энергетикӣ, динӣ, иқтисодӣ донишкадаҳо ва филиалҳои зеринро, чун Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №212), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №211), Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт (аз 01.11.2006, №501), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (аз 02.11.2007, №547), Донишкадаи молияи Тоҷикистон (аз 18.06.2009, №345), Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (аз 12.02.2010, №58), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз 12.02.2010, №59) таъсис дод.

Барои тақвияти раванди таълим ва тарбияи мутахассисони  варзидаи муосир дар назди  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  коллеҷҳо ва литсейҳо таъсис дода шуданд.

Бо зиёд гаштани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  бо мақсади фароҳам овардаи шароити мусоид барои омӯзгорон ва донишҷӯён дар баробари бунёди биноҳои нави таълимӣ биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён таҷдиду азнавсозӣ гардиданд. Аз ҷумла, бо кумак ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмир ва ба истифода додани хобгоҳҳо барои духтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва унвонҷӯёну аспирантон, бунёди «Шаҳраки донишҷӯён», сохтмони факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, сохтмони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони Филиали донишгоҳи мазкур дар шаҳри Данғара, мавриди истифода қарор додани ду бинои таълимии 4 ва 5-ошёна дар назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ солҳои 2007 ва 2014 ва амсоли он мебошсурат гирифт. Дар баробари ин сохтмони Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва хобгоҳи он дар ноҳияи Рашт, сохтмони хобгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, сохтмон ва ба истифода додани бинои таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барқарор ва таҷҳизонидани бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таъмири толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, азнавсозии бинои Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ба анҷом расонида шуд, ки аз дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд.

Ҷиҳати тақвияти заминаи  моддию техникии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол аз сол маблағҳои зиёд ҷудо гардида, аз ҳисоби ин маблағҳо аксарияти  биноҳои  муассисаҳои таълимӣ,  хобгоҳҳои онҳо таъмир ва биноҳои  нави  таълимӣ  сохта ба истифода дода шуданд.

Дар замони истиқлол аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ҷалби духтарону писарони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст ба таҳсил мебошад. Дар робита бо ин бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли таҳсили 1997-1998 барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои кишвар квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуда, аз соли 2005 барои қабули писарон низ чунин квотаҳо ба нақша гирифта шуд. Дар муддати 24 соли таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону писарони деҳоти дурдасти кишвар аз 61 шаҳру ноҳияҳо ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи нақша 23502 ҷой (14595 ҷой барои духтарон ва 8907 ҷой барои писарон) ҷудо гардида, 22209 нафар (13388 нафар духтар ва 8821 нафар писар) хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бидуни имтиҳони дохилшавӣ тариқи суҳбат ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Теъдоди хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкарда то соли 2021 танҳо аз ҳисоби духтарон зиёда аз 12000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин ҳамасола барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ 100 ҷой ва барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, 20 ҷой ҷудо карда шуда, довталабон дар асоси суҳбат ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Аз дастовардҳои дигари соҳаи маориф дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ роҳандозии ислоҳот ва татбиқи босамари он ба шумор меравад. Бо назардошти афзалиятҳои низоми кредитии таълим, ки дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бартарии худро нишон дода, роҳандозӣ кардани он дар кишвари мо воқеан ҳам дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҳаввулоти амиқ ворид намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина тибқи талаботи бозори ҷаҳон омода  кардани мутахассисони гуногунсоҳаи дар ин самт рақобатпазир тайи чанд соли охир тадбирҳои зиёд меандешад. Қабули даҳҳо ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 1.11.2006, №484), “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» (аз 2. 11.2007, №529), “Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 30.08.2008, №15/3) ва ғайра аз санадҳоеанд, ки мазмуну мундариҷаи онҳо аз амалӣ кардани ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва дар ҳамин асос омода кардани мутахассисони варзида иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар қатори аввалин давлатҳо “Мақсади рушди ҳазорсола ва маълумот барои ҳама”-ро имзо намуда, “Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф барои давраи солҳои 2006 - 2015” ва “Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф барои давраи солҳои 2016 - 2020” -ро қабул ва зина ба зина татбиқ намуд, ки дурнамои рушди соҳаи маорифро муайян мекард. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ карда шуд.  Мақсади асосӣ ва дарозмуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бунёди низоми самараноки маориф аст, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад.  Асноди мазкур мазкур барои таъмин намудани хидматрасонии муассир ва босамар дар соҳаи маориф, дастрасии ҳамагон ба таҳсилоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи замон нигаронида шудааст.

Баҳри қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат бо кадрҳои баландихтисос Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” ва “Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ намуд, то бо навсозии низоми миллии таҳсилоти касбӣ сифати омодасозии мутахассисон баланд бардошта шавад.

Пешвои миллат дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1.09.2015) бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқ ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон роҳбарони соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор намуданд, ки ҳамаи чораҳои заруриро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ворид гардидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ андешанд. Дар ин робита, ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ махсус таъкид гардид ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда шуд, ки аз соли таҳсили 2017-2018 таҳсилоти фосилавиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда, дар ин самт маводи зарурии таълим ва барномаҳои таълими электрониро омода намояд.

Ҷиҳати иҷрои ин дастуру супориши Пешвои миллат ва бо мақсади ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 29 майи соли  2017, №7/35) тасдиқ гардид. Инчунин, барои татбиқи низоми технологияи таҳсили фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати таҳияи нақшаҳои таълимии таҳсилоти фосилавӣ оид ба ҳар як ихтисос, таъмини пурраи раванди таълим бо маводи таълимию методӣ ва воситаҳои таълими фосилавӣ, таҳияи барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ, таъсиси маркази таҳсилоти фосилавӣ, таъсиси сомонаи интернетии таҳсилоти фосилавӣ дар сомонаи муассисаҳои таълимӣ ва ғайра чораҳои судманд амалӣ шуда, харидорӣ ва насби портали таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ гардид.

Бо мақсади ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом шурӯъ аз соли таҳсили 2017-2018 бо ҷалби ширкати «Ватан-ИТК», мутахассисони соҳаи IT-технологияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди озмоиш ва такмил қарор доданд, ки айни замон пурра фаъолият менамояд.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, махсусан ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи тахассус, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, мувофиқати омӯзгор ба вазифаи ишғолнамуда ва баланд бардоштани масъулияти шахсии омӯзгор ва тавассути ин беҳтар гардидани сифати таълим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорро «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани аттестатсияи коркунони педагогии муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул намуд. Ҳар сол дар ин замина 20%-и кормандони соҳаи маориф аз аттестатсия гузаронида мешаванд.

Аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сафарбар мегарданд, курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Илова бар аз ин, дар назди як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба монанди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон низ барои гузаронидани омӯзгорон аз такмили ихтисос вобаста ба равияҳои гуногун марказҳои такмили ихтисос фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон,бо мақсади муайян намудани мувофиқати кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба мансаби ишғолнамудаашон, беҳтар ба роҳ мондани интихоб, баланд бардоштани сифат ва самаранокии раванди омодасозии мутахассисон ва сатҳи дониши касбӣ ҳайати омӯзгорон ва кормандон  зина ба зина аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади муайян кардани дараҷаи тахассус, қобилияти иҷрои вазифа, муайян кардани такмили ихтисоси омӯзгорон танҳо дар давоми соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 3400 нафар кормандони шуъбаҳо, кафедраҳои техникӣ, табиӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзгорони забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуданд.

Аз дастовардҳои бевоситаи замони истиқлол низоми миллии ягонаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо мақсади таъмини шаффофият, адолати иҷтимоӣ ва дастрасии баробар ба таҳсилоти касбӣ соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули довталабон тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Маркази мазкур дар фаъолияти худ тамоми имтиёзҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардидаро барои довталабон таъмин намуда, дар омодагии довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ таъсири амиқ гузошт.

Баҳри амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои гузошташуда 28-уми июли соли 2011 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Лоиҳаи гранти «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Россия (READ). Марҳилаи 2»-ро бо Бонки ҷаҳонӣ ба имзо расонид, ки арзиши умумии он 3,8 млн. доллари ИМА (3,4 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ аз ҳисоби Грант, 335 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва 65 ҳазор доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро ташкил медод.

Бо назардошти аҳамияти баланд доштани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муассисаи мазкур таҷдиди сохтор ва тағйири тобеияти идорӣ кард ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Суханони Пешвои миллат оид ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ дар Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Кӯлоб далели ин гуфтаҳост: “Падару модарон ва даҳҳо ҳазор нафар хатмкунандагони мо бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки Маркази тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад”.

Аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлол, ҳамзамон рушди илми донишгоҳӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт, афзоиши маблағгузорӣ ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, таъсиси Шӯроҳои диссертатсионӣ, зиёдшавии теъдоди омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ,  татбиқи босамари натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот,  гузаштан ба низоми сезинагии таҳсилоти олии касбӣ, яъне бакалавриат, магистратура, докторантура, ташкил ва баргузории нахустин форуми ихтироъкорон, зиёдшавии андозаи стипендияи аспирантонро метавон арзёбӣ кард. Дар ин замина, фаъолияти илмию инноватсионӣ дар даврони истиқлол тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, зина ба зина дар кишвар як қатор комёбиҳо ба даст омад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ масъалаи рушди илм, аз ҷумла илми донишгоҳи низ дар ҷумҳурӣ батадриҷ ҳалли худро пайдо кард. Аз ҷумла, дар муддати хеле кӯтоҳ сафи аспирантон дар кишвар 2 маротиба ва докторантон аз 2 нафар ба 44 нафар афзуд.

Бо мақсади таҳким бахшидани рушди илм дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 1998)  қабул гардида, Ҳукумати мамлакат як қатор созишномаҳо, аз қабили «Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати  иштирокчиёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ», «Оид ба истифодабарии якҷояи объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ», «Созишномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти умумӣ ва касбии Федератсияи Россия оид ба таҳсилот» ва ғайраро ба тасвиб расонид. Дар асоси ин ҳамкориҳо ва бо такя ба созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 12 феврали соли 1997 Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1997, №395 ташкил шуд.

Барои рушду нумӯи илм дар ҷумҳурӣ таҳияи ҳуҷҷатҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомнома дар бораи тартиби додани унвонҳои илмӣ ба кормандони муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015” (соли 2006 қабул шудааст), «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Парки технологӣ» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18 марти соли 2015, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015”, “Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қарорҳо мусоидат кард.

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ роҳи муосири тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмии доктор аз рӯи ихтисос (PhD) пешниҳод карда шуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №127 ба тасвиб расид, ки ин барои соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ муваффақияти калоне буд. Дар ҳамин замина Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос” таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, №625 тасдиқ карда шуд. Аз ин рӯ, чунонки болотар ҳам таъкид гардид, имрӯз дар ҷумҳурӣ низоми сезинагии таҳсилоти олии касбӣ - бакалавриат, магистратура, докторантура фаъолият дорад.

Давоми соҳибистиқлолии кишвар масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, яке аз мавзӯъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. Дар ин самт яке аз дастоварди муҳим дар соли 2014 таъсис ёфтани “Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба шумор меравад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расидааст. Ин муваффақият имкон фароҳам овард, ки тайёр кардани мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ тибқи меъёрҳои байналмиллалии доктор аз рӯи ихтисос – PhD, таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишвар бо кадрҳои миллии дараҷа ва унвони илмидошта, рушди илму маорифи кишвар ва ҳамоҳангии назария ва амалияи илм оғоз гардад.

Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 54 шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи 145 ихтисоси анъанавӣ ва 122 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) фаъолият намуда,  рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя қабул карда истодаанд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз зиёда аз 830 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Сафи унвондорон дар соли таҳсили 2020-2021 нисбат ба соли 1991-1992 зиёд гардид (номзади илм аз 1835 ба 2505 нафар расид, ки 73,3% зиёдтар аст ва доктори илм аз 226 то 485 нафар афзуд, ки 46,6% зиёд мебошад). Тавассути ин нерӯи илмии муассисаҳои соҳаи маориф рӯй ба беҳбудӣ овард.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз теъдоди умумии 12255 нафар омӯзгорони фаъолиятдошта, 2505 нафар номзадҳои илм, дотсент, ки 822 нафарашонро занон ташкил медиҳанд ва аз миқдори умумии 485 нафар докторони илм (94 нафарашон занон), ки 430 нафари онҳо унвони илмии профессорӣ доранд (77 нафарашон занон), ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 8948 нафар дар зинаи магистратура 2215 нафар дар шуъбаи аспирантура  ва  докторантура таҳсил менамоянд.

Ҳамин тавр, давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти соҳаи илми кишвар қабул гардид. Танҳо тайи ду соли охир як қатор қарор ва амру фармонҳо ҷиҳати пешбурди соҳа ба имзо расид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.09.2020, №1610 «Дар бораи таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Номгӯйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Низомномаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, магистр, аспирант ва докторантҳо”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Боиси сарфарозист, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11 феврали соли 2021, №АП-44) Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барои соли 2021 тасдиқ карда шуд, ки тибқи талаботи иҷрои амри мазкур ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм-фурӯғи маърифат” дар баробари озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда мешавад.

Санадҳои мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, барои рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа ва такмили таълим ва омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос нигаронида шуда, дар тарбия ва омода намудани кадрҳои илмӣ судманд арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дар замири онҳо бедор намудани мутолиаи китоб ҳамасола миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ олимпиадаи фаннӣ, озмуни ихтироъкорони ҷавон, навовари беҳтарин, беҳтарин донишҷӯи сол ташкил ва баргузор мегардад, ки дар кори он донишҷӯён бештар аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок ва сазовори чойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Аввали асри ХХI-ро дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон асри компютеркунонии оммавӣ номем, хато намекунем. Зеро дар ин давра истифодаи технологияи компютерӣ тамоми табақаҳои ҷомеаро фаро гирифта, он тақозо менамояд, ки донишҷӯён дар баробари мутолиаи китоб аз технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ ба таври лозима истифода бурда тавонанд. Дар ин самт дар давраи Истиқлоли давлатӣ системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаи комютерии системаи иттилоотии идоракунии маориф таҳия ва омода карда шуд, ки маълумоти оморӣ тибқи барномаи компютерӣ ҷамъоварӣ ва коркард мегардад.

Бо мақсади истифодаи пурсамари донишҷӯён аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ ба ҳолати имрӯза дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21730 адад компютер, аз онҳо 10257 адад компютер бо шабакаи интернет пайваст, 364 синфхонаи компютерӣ, 1544 тахтаи электронӣ, 2464 проектор, 2239 генератори дизелӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор доранд.

Таъсиси китобхонаҳои электронӣ, шабакаҳои локалии муассисаҳои таълимӣ, сохтани системаи иттилоотии идоракунии маориф, таъмини додугирифт ва интиқоли ахбор тавассути почтаи электронӣ ва шабакаи интернетӣ аз иқдомҳои Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия  дар ин самт мебошад.

Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Вазорати маориф ва илм бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамгунӣ бо фазои ҷаҳонии таҳсилот, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар самти таълиму тарбия ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар бо кишварҳои зиёди рушдёфта ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд роҳандозӣ намояд.

Дар ин давра байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаю тафоҳумномаҳои зиёде оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Маҳз тавассути ин ҳамкориҳо тайёр намудани мутахассисони болаёқат дар хориҷи кишвар дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид.

Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. Илова бар ин, ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба фаъолият оғоз намуд, ки аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф дар даврони Истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар самти муносибатҳои байналмилалии маориф ва илм зиёда аз 50 созишномаи байниҳукумативу идорӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо Федератсияи  Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Озарбойҷон, Украина, Полша, Туркманистон, Арманистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Латвия, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Италия, Арабистони Саудӣ, Малайзия ва ғайра.

Дар ин робита, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм ва ба ин васила ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои ба иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ муҳим,  бо 31 кишвари хориҷӣ Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тиҷорат, фарҳанг, иқтисодиёт, илм ва маориф таъсис дода шудааст.

Ҳоло ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани доираи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти маориф ва илм бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илм ба имзо расонидани созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Кувайт, Бразилия, Туркия, Чехия, Аморати  Мутаҳҳидаи Араб, Фаронса,  Қатар, Озарбойҷон, Салтанати Умон, Баҳрайн ва ғайраро ба нақша гирифтааст.

Дар ин замина, дар тӯли 30 соли истиқлолият Вазорати маориф ва  илм барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар (зиёда аз 31 кишвар)  бештар аз 39 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси бурсияҳои таҳсилии давлатӣ фиристодааст.

Дар баробари ин Вазорати маориф ва илм бо ташкилотҳои байналмилалии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, Хазинаи Оғохон, Ҳамкории техникии Олмон, Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Кувайт,  Бонки рушди Осиё, Агентии байналмилалии Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико оид ба инкишофи байналхалқӣ (ЮСАИД), Бонки рушди Саудӣ, ЮНИСЕФ, Намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафоратҳои муқими кишварҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкории  зич ба роҳ мондааст.

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо мақсади интихоб ва тайёр намудани мутахассисони лаёқатманд дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри 2009, №671 таъсис дода шудааст.

Инчунин, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар барои хонандагони лаёқатманд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таҳти  №208 таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” танзим карда мешавад.

Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз Марказ тавонист бо зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ба мисли Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Латвия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Шимолии Туркии Кипр, Ҷумҳурии Македонея, Литва, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Индонезия, Ҷумҳурии Туркия, ИМА, Ҷумҳурии Малайзия, Украина, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Лаҳистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Белорусия ва Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонад ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби Стипендияи байналмилаии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барои таҳсил фиристад.

Аз рӯзи таъсисёбии Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” то ба имрӯз дар зинаҳои гуногуни таҳсил (бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, докторантура ва коромӯзӣ) 407 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои нуфузи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони хориҷи кишвар ба таҳсил мебошад. Қобили дастгирист, ки як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил корҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки айни замон дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари дуру наздик зиёда аз 16400 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.

Дар баробари густариши ҳамкориҳо дар самти таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши ислоҳоти соҳаи маориф дар зинаҳои гуногуни таҳсилот идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаҳои “Рушди таҳсилоти олӣ”, ТЕМПУС ва Эрасмус  - Мундус дар ислоҳоти таҳсилоти олии касбӣ саҳми муҳим доранд.

Таъмини таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот тақозо менамояд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба хотири пайдо кардани мақом дар низоми таҳсилотии ҷаҳонӣ ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронанд, зеро маориф ба вазифаи стратегӣ табдил ёфта, ҳалли он сатҳи устувории рушди иқтисоди миллӣ ва рақобатпазирии кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.

Яке аз принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф рушди ин соҳа бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бо фазои ҷаҳонии таҳсилот Вазорати маориф ва илм аз соли 2018 инҷониб ҳамкориро дар самти аккредитатсияи байналмилалӣ бо Муассисаи ғайритиҷоратии «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда, санаи 14 майи соли 2019 Созишнома оид ба муносибатҳои мутақобилаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи ғайритиҷоратии «Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонид.

Дар ҳамкорӣ бо ин агентӣ ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва рейтинги байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасеро ба итмом расониданд. Аз ҷумла, аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 30 муассиса барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани 110 ихтисос аз рӯи 9 самт (омӯзгорӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, робитаҳои байналмилалӣ, варзиш ва санъат) пешниҳод карданд.

То ин давра 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 5 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 3 ихтисоси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва 3 ихтисоси Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз аккредитатсияи “Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг”-и Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуд. Дар баробари ин соли 2020 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи институтсионалӣ ба пуррагӣ гузашт.

Гузашта аз ин, раванди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ гашта истодааст.

Дар доираи ҳамкориҳо бо Оҷонсии аврупоӣ оид ба назорати сифат EKKA тибқи шартномаи дуҷониба байни Вазорати маориф ва илм ва оҷонсии мазкур намояндагони ин ширкат семинари омӯзишӣ, ки вобаста ба масъалаи аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад, дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида шуд. Муассисаҳои зикршуда барои гузаштан аз аккредитатсия ба таври пилотӣ (таҷрибавӣ) пешниҳод карда шуданд. Ҳанӯз корҳо дар ин самт идома доранд.

Инчунин, Тибқи шартномаи байни АККОРК ва Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон таҳти №04/0016-19 аз 19.11.2019 12 барномаҳои таҳсилотии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд.

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11 феврали соли 2021, №АП-44) Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барои соли 2021 тасдиқ карда шуд, ки тибқи талаботи иҷрои амри мазкур ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм-фурӯғи маърифат” дар баробари озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда мешавад.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дар замири онҳо бедор намудани мутолиаи китоб ҳамасола миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ олимпиадаи фаннӣ, озмуни ихтироъкорони ҷавон, навовари беҳтарин, беҳтарин донишҷӯи сол ташкил ва баргузор мегардад, ки дар кори он донишҷӯён бештар аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок ва сазовори чойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Танҳо дар давоми соли 2021 Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат», дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат рӯзҳои 23-24 апрели соли ҷорӣ бо иштироки 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 78 нафар донишҷӯ аз рӯйи равияҳои “Математика” ва “Технологияҳои иттилоотӣ” баргузор карда, ғолибони озмунро бо диплом ва туҳфаҳои моддӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳамзамон, санаи 28-29 майи соли 2021 даври ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз...» бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ва баргузор гардид. Дар олимпиада 378 нафар донишҷӯ аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар савияи дониш, малака ва маҳорати худро аз 14 фан санҷида, рақобати солим намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷойҳои бадастомадаи даставӣ ҷои якум Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷои дуюм Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҷои сеюм насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Бо мақсади пешрафт ва таккони ҷиддӣ бахшидан ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, беҳтар гардидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави олимони соҳаи техника дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон намуд, ки ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ буда, таҳкурсии он дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун гузошта мешавад. Вобаста ба ин Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи “Нақшаи тадбирҳои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида буд, як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд, ки онҳо бевосита ба ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва ба ин васила муваффақ гардидан ба дастовардҳои соҳаҳои техника ва технология равона шуда буданд.

Боиси хушнудист, ки бо баракати Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 таъсиси марказҳои илмӣ-инноватсионӣ, баргузории семинару машварат ва конференсияҳои ҷумҳуриявиву минтақавӣ ва байналмилалӣ, таҳия ва таҷдиди лоиҳаи қонунҳои соҳаи маориф ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, азнавсозӣ, таъмиру тармим, сохтмони биноҳо ва озмоишгоҳҳои иловагӣ вусъати тоза пайдо кард.

Рушди бемайлони илму техника ва технология дар замони муосир аз ҳар як фарди соҳибхирад талаб менамояд, ки ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  таваҷҷуҳи бештар равона созад. Маҳз ба хотири татбиқи амалии ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 ба тасвиб расид.

Бо мақсади татбиқи амалии фармони мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 тасдиқ гардида, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ барои иҷро ирсол карда шуд.

Раванди омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 205 ихтисос (бо такроршавӣ) дар доираи 134 кафедраи тахассусӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи ихтисосҳои мазкур 1437 нафар омӯзгор (580 нафар дорои дараҷаи илмӣ) ба зиёда аз 33 ҳазор нафар донишҷӯ таълим медиҳанд.

Ҳамзамон, фаъолияти озмоишгоҳҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардидааст ва ин ба омӯзгорон ва донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар раванди машғулиятҳо корҳои озмоиширо бо сифат иҷро намоянд.

Роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ бо мақсади таҳкими пояи моддию техникии озмоишгоҳҳои таълимӣ ҷиҳати мунтазам харидорӣ намудани асбобу таҷҳизоти таълимӣ, дастгоҳҳои рақамӣ ва ташкили кабинетҳои фаннӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити таълим чораҳои судманд андешида, бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва инвеститсионӣ пояи моддию техникии муассисаҳои таълимиро  мустаҳкам намуда истодаанд.

Хулоса, соҳаи маориф ва илм самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои бунёди намунаи миллии таҳсилоти бисёрзинагии босифат, ҳамгироии системаи ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, таъмини рушди  маънавии инсон, талаботи шахсият барои ба даст овардани донишу ҳунар ва ба ин васила мусоидат ба пешрафту тараққиёти кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешида, ба амал бароварда мешаванд.

Соҳаи маориф дар кишвари мо дар давраи Истиқлоли давлатӣ бурду бохти зиёдро паси сар кард ва бо таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат ин соҳа  дар сиёсати кишвар аввалмақом ва нигоҳи ҷомеа ва давлатро ба мактабу муаллим ва таҳсили насли наврас зиёд гардонд. Ин аст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки тамоми дастуру супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари он - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро саривақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.

Албатта, новобаста аз корҳою фаъолияти ба сомонрасонида ҳоло ҳам мушкилот дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ба назар мерасад, вале Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ дорад, ки ин нуқсонҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳаи маориф ва илм дар солҳои минбаъда дар ҳамаи самтҳо давра ба давра амалӣ хоҳад шуд.

Афзалиятнок, калидӣ ва омили амнияти миллӣ номбар шудани маориф аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат дар замони имрӯза ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос намоем. Чунин баҳогузорӣ далели он аст, ки маориф ва илм ҳақиқатан дар ташаккули ҳаёти ҷомеа ва истиқлоли кишвар нақши муҳим мебозад.

Таърихи тоҷикон дар даврони Истиқлоли давлатӣ собит намуд, ки маориф ва илм нерӯи азим аст. Истифодаи ин нерӯи беназир дар корҳои созандагӣ метавонад на танҳо ба рушди соҳа дар Ватани азизамон мусоидат намояд, балки дар шукуфоии имрӯзу фардои ҳар як сокини он низ, ки ҳадафи муҳимтарини сиёсати Пешвои миллат мебошад, саҳми бузурге гузорад.

Адабиёт:

  1. Қурбонов А.Ш. Вазъи маориф ва илм дар шароити Истиқлоли давлатӣ. –Душанбе: Ирфон, 2021. -353 с.
  2. Мирбобоев Р., Зиёев Х., Қосимӣ С. Рушди маориф ва илм дар замони истиқлолияти давлатӣ.- Душанбе: «Маориф», 2016
  3. Обеспечение качества высшего образования в Республике Таджикистан.- Душанбе: Ирфон, 2012.
  4. Зиёев Х.М. Роҳҳои ҳамгиро сохтани низомҳои анъанавӣ ва кредитии таҳсилот // Ганҷинаи сухан.- Выпуск 4.- Душанбе: Таджикский государственный институт языков, 2008. - С. 528-531.
  5. Раҳмонов А.А., Расулов А.Б., Қодиров Қ.Б., Афзалов Х.С. Дирӯз ва

имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Точикистон. Душанбе, Матбааи ВМИ, 2011. 202 саҳ.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj