Оқибати нашъамандӣ марг аст! Бо ибтикори Маркази дастгирии донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Нашъаманд, зарари маводи нашъаовар ба ҷавонон, таҳдид ба ояндаи ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Рӯзиев ширкат варзид. А.Муллоев, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, зимни суханони ифтитоҳӣ нашъамандиро вабои аср номида, ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ин гуна маводи марговар худро канор гиранд. Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ба ташкилкунандагони ҳамоиш барои интихоби мавзӯи дардноки рӯз изҳори сипос кард. Ӯ зикр кард, ки нашъа ва нашъамандӣ яке аз масоили мубрами ҷомеа мебошад ва оқибати нашъаманд, бешак, марг аст. Боиси хушҳолист, ки вақтҳои охир ҷавонон хавфу хатари маводи нашъаоварро ба ҷони хеш бештар дарк намуда, мекӯшанд, ки ба доми ин вабо гирифтор нагарданд.
Б.Абдураҳим |