• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

 

1.jpg - 18.77 Kb

ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ - НАХУСТМУАССИСАИ ОЛИИ КИШВАР

Маориф, ки омили муҳимтарини наҷоти миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, аз солҳои аввали таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омода намудани омӯзгорони касбии дорои маълумоти олӣ ва ташкил намудани нахустин мактаби олии Точикистон - Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик аз 18-уми июли соли 1931 дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Тазаккур бояд дод, ки бо чунин мақсад ибтидои солҳои 30-юм, бо қарори КМ ҲК(б) Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ғайримуттамарказгардонии макотиби олиро пеш гирифт. Тибқи ин амал, тамоми низоми макотиби олии мамлакат бо усули тақсимоти соҳавӣ аз нав сохта шуд. Сохтори мактабҳои олии дорои факултетҳои зиёд тағйир дода шуда, дар заминаи факултетҳои онҳо донишкадаҳои олии тахассусӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, сохтори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна низ мувофиқи сиёсати пешгирифтаи ҳукумати марказӣ аз нав таҳрезӣ гардида буд.

Аз замони таъсисёбии муассисаи мазкур то ба кунун шахсиятҳои маъруф, ба монанди: Абдуҳамид Пулодов, Тоҳир Кенҷаев, Маҳмуд Атоев, Абдукарим Ҳақбердиев, Евсеев Павел Георгевич, Ҳошим Содиқов, Ориф Шукуров, Мақсудҷон Мирмуллоев, Ҳотам Солеҳбоев, Қандил Ҷӯраев, Мунзифа Ғаффорова, Эргаш Ямоқов, Қурбон Расулов, Худойназар Асозода, Нуриддин Саид, Зариф Шарифов, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Носирҷон Салимӣ роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол, сарварии муассисаи мазкурро доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бар ӯҳда дорад.

Дар тӯли фаъолияти худ муассисаи мазкур чандин бор тағйири ном намудааст. Бори нахуст мутобиќи ќарори Шӯрои Олии Љумњурии Тољикистон аз 8 марти соли 1939 ба он номи сардафтари адабиёти Украина Т.Г. Шевченко гузошта шуда буд. Дар асоси қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1991, №316 номи институт тағйир ёфта, он ба номи олиму омӯзгори шинохтаи тоҷик - Қандил Ҷӯраев гузошта шуд. Соли 1992 ному мақоми муассиса аз Институти давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев ва соли 1997 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев табдил ёфт. Бори охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №192 ба номи донишгоҳ боз тағйирот ворид шуда, он номи «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»-ро гирифт.

Донишгоҳ дорои 15 факултет (9 бинои таълимӣ) ва 70 кафедра (57 тахассусӣ ва 13 умумидонишгоҳӣ) буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 9380 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки ин тадбир мушкилоти донишгоҳро ҷиҳати ба танзим даровардани раванди таълим то андозае бартараф намудааст.

Факултетҳои он: Математика, физика, химия, биология, география, технология ва соҳибкорӣ, таърих, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, география, филологияи тоҷик, забони англисиву забон ва адабиёти рус мебошад, ки дар умум 18359 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора, 2703 нафар донишҷӯ гирандаи идрорпулии донишгоҳ буда, 5 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд. Имрӯз дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 7924 нафар донишҷӯ ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 10604 нафар донишҷӯ аз рӯйи 1255 фанни таълимӣ тадрис менамоянд. Дар соли хониши 2021-2022 дар 15 факултет шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ ба 3187  нафар (666 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2521 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ) баробар мебошад. Аз 666 нафари шуъбаи рӯзона, 572 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, 6 нафар Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар Ҷумҳурии Қирғизистон, 4 нафар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 83 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд. Аз 2521 нафари шуъбаи фосилавӣ, 4 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркманистон, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 2515 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ тариқи Квота ва Бурсия  дар зинаи бакалавр ба 14 нафар баробар гардид, ки 6 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва 4 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд.

Донишгоҳ барои донишҷӯёни ноҳияҳои дурдасти кишвар 5 хобгоҳ, аз ҷумла, 3 хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон ва 2 хобгоҳ барои донишҷӯписарон бо шароитҳои мусоиди зист таъмин намудааст, ки дар он 1283 нафар аз ҷумла: 730 нафар духтарон ва 553 нафар писарон истиқомат доранд. Аз ин шумора, 230 нафар тибқи Квотаи Президентӣ - 185 нафараш духтарон, 19 нафар ятимони кулл, 88 нафар нимятим, 44 нафар маъюб ва боқимонда донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст ба ҷои хоб таъмин гардидаанд.

Инчунин, барои кормандону омӯзгорони донишгоҳ ду хобгоҳ бо шароитҳои хубу мусоид фароҳам оварда шудааст, ки устодону кормандони ба ҷои хоб эҳтиёҷдошта дар онҳо истиқомат доранд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ (штатӣ)-и донишгоҳро 27 нафар доктори илм, профессор, 5 нафар доктори илм, дотсент, 7 нафар номзади илм, профессор, 131 нафар номзади илм, дотсент, 72 нафар номзади илм, муаллими калон, 192 нафар муаллими калон, бе унвон, 383 нафар ассистенти кафедра, бе унвон ва дар маҷмӯъ 817 нафарро ташкил медиҳад. Дар умум 242 нафар соҳибунвон (аз ин 59 нафарашро занҳо) ва 575 нафар бе унвон (аз ин 232 нафарашро занҳо) ташкил медиҳанд.

Донишгоҳ барои пешрафти сатҳу сифати таълим ва таъмини фонди аудитории донишҷӯён биноан, аз соли 2007 инҷониб тадбирҳои судманд андешидааст, ки кушодашавии биноҳои нави таълими онвақта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба факултети таъриху филологияи тоҷик, сипас, бо чунин мақсад соли 2014 кушодашавии факултетҳои технология ва соҳибкорӣ, забони англисиву забонҳои романӣ – германиро ба роҳ мондааст.

Донишгоҳ барои донишҷӯён, ҷиҳати тақвият бахшидани таҷрибаву малакаҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овардааст, ки лабораторияҳои таълимии факултетҳои химия, биология, физика, сехҳои дӯзандагиву истеҳсолии факултети технология ва соҳибкорӣ, парки технологӣ, осорхонаи зоологии факултети биология, осорхонаи мардумшиносии факултети таърих, маркази забономӯзӣ, маркази ёрии психологиву бунгоҳи тиббӣ аз ин шаҳодат медиҳад.

Ҳамасола донишҷӯён таҷрибаҳои омӯзгориро дар массисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ва атрофи он мегузаронанд. Таҷрибаҳои саҳроии равияҳои табиӣ-риёзӣ бошад, дар боғи таҷрибавӣ-истеҳсолии донишгоҳ, ки дар дараи Ромит воқеъ мебошад, мегузарад.

Дар донишгоҳ раванди таълим аз рӯи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, қабул ва баргузории сесияҳои ҷорӣ тавассути марказҳои қабули имтиҳонот дар назди Маркази тестӣ сурат мегирад. Дар баробари ин, дар донишгоҳ шуъбаҳои дигаре, аз қабили ШБМ(Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ), ШИСНЭ (Шуъбаи идоракунии сифат ва назорати электронӣ), шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ, ки барои омода намудани довталабон барои имтиҳоноти марказонидаи дохилшавии ММТНПҶТ саҳмгузор мебошад, фаъолият доранд.

Дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар раванди таълиму тадрис хеле назаррас буда, бо ташаббус ва таъсис ёфтани КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳ ба роҳ монда шуда, омӯзгорону кормандон рисолаҳои номзадиву доктории хешро сарбаландона ҳимоя намуда истодаанд, ки ин баҳри пешбурди фазои илмии кишвар саҳмгузор мебошад. Инчунин, ҳамасола дар донишгоҳ озмунҳои “Олими ҷавони сол”, “Олими сол” ва “Донишҷӯи беҳтарини сол” баргузор мегардад. Инчунин, ҳар сол донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Соли сипаригардида донишгоҳ барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои олии касбии кишвар сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Донишгоҳ дорои толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ буда, дастовардҳо дар соҳаи варзиш хеле назаррас мебошад. Донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумшҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Китобхонаи донишгоњ дорои 297154 адад китоб мебошад, ки ҷиҳати мутолиа намудани донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, доктор PHD, олимон ва омӯзгорон бо шароити хуб хизматрасонӣ менамояд.

Ҳамзамон, китобхона дорои 1 махзан, 5 толор ва 4 шуъба буда, њамарӯза муштариёни худро бо 150 ҷойи нишаст, 14 компютер бо шабакаи интернетӣ пайваст дар сатҳи баланд хизматрасонӣ менамояд.

Дар донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳӣ бинои наву замонавӣ ба ифтихорӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳ бунёд шуда истодааст. Ҳамчунин дар шафати он толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки ба донишгоҳ ҳусну таровати тоза мебахшад. Шумораи муҳассилин низ рӯз то рӯз афзуда истодааст. Бинобар ин, бунёди бинои нави таълимӣ дар донишгоҳ кори саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мешавад.

 

Абдулхайр Абдураҳмонов,

узви Иттифоқи журналистони

Тоҷикистон, корманди сомонаи донишгоҳ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj