• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид. Ҳадафи аксияи мазкур иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати сиёсии онҳо дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.

Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардаҳои зиёде ноил гардида, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯ кард. Дар ин радиф таваҷҷуҳ ба насли ҷавони кишвар низ афзуда, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли миллӣ ҷавонон дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат қарор доранд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj