• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

4 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан-Модар – тараннумгари меҳру сафо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда табрик кард. Мавсуф зимни табрикоти хеш иброз дошт, ки зан – модар неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор бонувони фаъоли донишгоҳ, ки дар рушди илму маорифи кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, бо медали “90-солагии Донишгоҳ”, “Ифтихорнома”-и раёсати донишгоҳ ва “Ифтихорнома”-и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми кишвар қадрдонӣ гардиданд. Сипас, аз тарафи дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар чорабинии мазкур инчунин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева иштирок намуда, бо сурудаш табъи ҳозиринро болида гардонид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj