• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАБРИКОТИ
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА
бахшида ба Рӯзи модар

САФОБАХШИ ҶАҲОНИ МОСТ МОДАР!

Модарон ва бонувони гиромӣ,

Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Модар, ки ҳамасола таърихи 8-уми март, дар оғози фасли зебои баҳор бо хушнудӣ ва шаҳомати хосса таҷлил қайд карда мешавад, самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, умри дароз ва чеҳраи хандон орзу менамоям.

Имрӯз ҳамагон басо шодем, ки ба кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол боз баҳори нозанин қадам ранҷа кард. Дар ин фасли сол, ки зебоиҳои зиёдро дар худ таҷассум намудааст, як қатор идҳо ҷашн гирифта мешаванд. Хушбахтона, аввалин иде, ки ба ин фасли зебои табиат рост меояд, ин таҷлили Рӯзи Модар аст.
Ҳазорсолаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон Модар дар радифи дигар арзишҳои миллӣ муқаддас дониста мешуд ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи гиромидошти хидмати модар аз нав эҳё шуд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат ба таҳкиму тақвияти нақши занону модарон дар ҷомеа ҳамеша эътибори махсус медиҳанд. Бузургдошти Зан - Модар аз ҷониби Президенти маҳбуби кишварамон дар он зоҳир мегардад, ки аз соли 2009 рӯзи 8-уми март дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ тоҷи шаъну шарафи одамро аз гарди хоки пои модарон иборат донистааст. Ҳар ҳадяву тақдимоте, ки модарон аз фарзандону бародарон ва мардон мегиранд, ин нишонаи садоқат ва меҳру самимият ба шахсияти онҳост. Ин рӯзи муборак, ки рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба хираду наҷобат, бузургӣ ва азамати Зан – Модар аст, ҳамасола маҳз дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ, оғози эҳёи табиат ва қабои зебои сабз ба бар кардани замин таҷлил мегардад. Воқеан, мафҳумҳои Зан, Модар ва Баҳор ба ҳам тавъам меоянд. Агар зан-модар офарандаи ҳаёт бошад, баҳор табиатро зинда мегардонад.

Мегӯянд, ки зан-модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Яъне, модарони азиз ва бонуҳои меҳрубон асолати бузургеро бар дӯш доранд. Мо дар назди модарони поксиришт – офарандагони зиндагӣ, машъалафрӯзони олам, сарчашмаи ҳаёти наслҳо, олиҳаи сафову покӣ ва садоқат, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ сари таъзим фуруд меорем.

Пешвои муаззами миллат дар васфи занону модарон барҳақ гуфтаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст».

Бале, дар ин суханони пурҳикмати Сарвари кишвар як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст ва боиси ифтихору сарфарозии мост, ки дар фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмии донишгоҳи мо нақши бонувон ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад. Занони огоҳдилу заковатманди донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони болаёқат саҳми арзанда доранд. Донишҷӯдухтарони таълимгоҳамон бо хониши аъло, хулқу атвор ва рафтори шоиста намунаи ибратанд. Имрӯз бонувони мо дар зинаҳои гуногуни ҳамаи воҳидҳои сохтории  донишгоҳ фаъолият намуда, дар пешрафти он ҳиссаи сазовори худро гузошта истодаанд.

Таҷлили Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарони мо дар ҷомеа мебошад. Зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус, тоҷикон хеле баланд аст. Албатта, ҳар халқу миллат бо занону модарони худ фахр мекунанд, мо низ бо модаронамон фахр мекунем. Зеро ҳар як модари тоҷик фарзандашро бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқат таълиму тарбият менамояд.

Бонувони арҷманд,

Бо ихлосу муҳаббат дар Рӯзи Модар бори дигар бо арзи сипос ва арҷгузорӣ ба заҳмату ирода ва меҳнати беҳамтоятон изҳори сипос менамоям ва ҳамсон ба кулли занон-модарон, донишҷӯдухтарон донишгоҳамон комёбиҳои беназир, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.

Рӯзи Модар муборак!
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj