• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МАҶЛИСИ ШУРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ҶАВОНОН “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” БАРГУЗОР ГАРДИД

17 марти соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси Шурои марказии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси ташкилоти ҷамъятии ҷавонон “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” Аҳмадзода Оятулло Изатулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, аъзои Шурои марказӣ, роҳбарони намояндагиҳои ташкилот дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Сараввал, ҳисоботи раиси ташкилот Аҳмадзода Оятулло Изатулло оид ба фаъолияти он дар соли 2021 шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2021 аз ҷониби намояндагиҳои ташкилот 487 мулоқоту вохӯрӣ, 128 мизи мудаввар, 321 чорабинӣ, 154 хониши сиёсӣ, 127 чоабиниҳои варзишӣ ва 87 озмун ташкил ва гузаронида шудааст. Дар идома муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ баромад намуда, саҳми ташкилотро дар тарбия ва ташаккули ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ назаррас арзёбӣ намуд. Сипас, муовини раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон баромад намуда, қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар муайян менамояд. Дар фарҷоми маҷлис як қатор аъзои фаъоли ташкилот бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти маҷлис:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj