• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон ҒАФФОРӢ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

НАВРӮЗ ИМСОЛ ФАЙЗИ ТОЗА ОРАД!

Муҳтарам устодон!

Донишҷӯёни азиз!

Дар диёри биҳиштосои мо, Тоҷикистони тозаистиқлол, чун ҳамеша боз фасли баҳор, фасли фархунда, эҳёи оламу одам ва бедории табиати афсункор домони фарохи саодатбори худро густурда, ҷашни бостонии аҷдодиа­монро, ҷашнеро, ки имрӯз эътирофи ҷаҳонӣ дарёфтаву Наврӯз ном дорад, ба сарза­мини куҳанбунёди мо овард.

Наврӯзи ҷаҳонии моро аҳли таҳқиқ сароғози офари­ниш, маншаи ҳаёт хондаанд. Аз забони ниёкони сухангу­старамон бигӯем:

Баҳор имсол хуштар менамояд,

Ҷаҳон фирдавси дигар менамояд.

Наврӯз ҳамчун қадимта­рин ва мардумитарин ҷаш­ни аҷдодии мо дар давоми садсолаҳо асолат, шаҳомату таровати худро ҳаргиз на­коста ва имрӯз, дар воқеъ, ба шиносномаи фарҳангу маънавияти волои миллати мо табдил ёфта, чун ҷашни созгор ба ормонҳои башарӣ мақоми ҷаҳонӣ пайдо кар­дааст.

Бамаврид аст, ки аз су­ханони саршор аз ифтихо­ри миллӣ ва муҳаббатбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавем: «Аз ҷониби Маҷмааи умумии Соз­мони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируф­та шудани Наврӯз гувоҳ бар он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёкони мо, бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда бу­данд, ки паёми ваҳдату муҳа­ббат, покию садоқат, зебогию нафосат ва бедорию заҳмат будааст».

Воқеан, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бу­зургтарин омили саодатман­дии миллат аст, ба таҷлили бавусъату пуршукӯҳи Наврӯ­зи хуҷастапай имконоти соз­гору мусоид фароҳам овард ва гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни муҳимму хуҷастаи ис­тиқлоли ҷумҳурӣ табдил ёфт. Наврӯз бо дӯстию рафоқат ва ҳамдилию садоқат пайванди азалӣ дорад.

Аҳли донишгоҳ ҳамасо­ла аз Наврӯз гарму самимӣ истиқбол менамоянд ва дар тантанаҳои он фаъолона ширкат меварзанд. Ба муно­сибати ин ҷашни бостонии миллат донишгоҳи азизамон қабои идона ба бар мекашад, шукӯҳи тоза пайдо мекунад. Ба ифтихори Наврӯз ин сол низ дар маърифатгоҳамон корҳои зиёде дар масири тозагию гулу ниҳолшинононӣ ва таҳияи барномаи идона сомон бахшида шудаанд, ки баргузории ҷашнро дар сатҳи баланд таъмин менамоянд.

Дӯстони арҷманд!

Бовар дорам, ки Наврӯзи имсола ба боз ҳам вусъат ёф­тани фаъолияти аҳли дониш­гоҳ, ба ободу зеботар гаштани он, ба оғози тадбирҷӯиҳои тоза бо ниятҳои нек мусоидат хоҳад кард.

Фарорасии ҷашни ҳумоюн ва шукӯҳманди Наврӯзи ди­лафрӯзро ба аҳли донишгоҳ аз таҳти дил, самимона та­брику таҳният мегӯям. Таман­нои онро дорам, ки Наврӯзи ҷаҳоноро ба ҳамагон бахту шодӣ, барору пирӯзӣ ва хона­ободию файзу баракат эҳдо намояд ва ҳамагонро муҳити пуртарабу шукуфо фарогир бошад.

Ҷашни фархундаи Нав­рӯз муборак, дӯстон!

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj