• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НАВРӮЗ ВА ТАЪРИХИ ҶАШНҲОИ ОРИЁӢ

ШОҲНАЗАР Бердизода, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Дар таърихи тамаддуни башарият ҷашнвораеро ба мисли Наврӯз пайдо намудан кори муҳол мебошад. Наврӯз аз замонҳои хело қадим падид омада, то ба имрӯз асолати пойдору устувори худро ҳифз намудааст. Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии қавмҳои ориёист, ки то рӯзгори имрӯзаи мо пойдор ва бегазанд мондааст.

Муҳаққиқони асили илму таъриху фарҳанг хуб медонанд, ки ҷомеаи инсонӣ дар тӯлӣ таърих таҳаввулотҳои зиёдеро аз сар мегузаронанд. Давлатҳои гуногуни дунё дар давраи салтанаташон ҳамзамон ҷашнҳои зиёди бошукӯҳу шаҳомат доир мекунанд, аммо бо гузашти вақт ин ҷашнҳо манзалати худро аз даст дода, аз байн мераванд. Аз ин рӯ  ҷашнҳои дар таърихномаҳо боқимонда бештар хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ дошта аз арзишҳои умумибашарӣ холӣ буданд. Сабабҳои мондагорӣ ва пойдории Наврӯз пеш аз ҳама ҷашни мардумӣ ва табии будани он мебошад. Наврӯз ҷашни оғози сари сол, ҷашни бедоршавии табиат, ибтидои кишту кор буда бо табиат ва руҳи мардум робитаи қавӣ дорад.

Дувоздаҳ сол муқаддам, бо саъю  талошҳои роҳбарияти Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Афғонистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон Қатънома дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 - уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида,  Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Дар ин иқдом саҳми созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО шоистаи тазаккур аст, ки 23- феврали соли 2010 доир ба «Рӯзи байналмиллалии Наврӯз» эълон намудани 21- уми март Қатъномаи дахлдор қабул намуд. Ҳамин тавр Наврӯз расман мақоми ҷашни байналмиллалиро касб намуд.

Гузашта аз ин, Наврӯзро ба сифати ҷашни бошукӯҳи баҳор ва эҳёи табиат дар ҷаҳони муосир мардуми беш аз 20 мамлакати ҷаҳон таҷлил менамоянд, ки ин далели ҷашни воқеан ҷаҳонӣ шудани он мебошад.

Яке аз сабабҳои Ҷашни баёналмиллалӣ гардидани Наврӯз аз давраҳои бостон он аст, ки дар ҳайати давлатҳои бузурги кавмҳои ориёӣ ба мисли давлатҳои Пешдодиён, Каёниён, Империяҳои Ҳахоманишиниён, Ашкониён, Кушониён, Сосониён ва Сомониён халқиятҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ зиндагӣ доштанд, ки зери нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва аз ҷумла ҷашну маросиҳои  ногузир арзишҳои миллӣ моро пазируфта буданд.

Ҳануз дар давраи бостон Наврӯзро дар баробари Вароруд (Мовароунаҳр – Осиёи Миёна) ва Хуросон, ки нахустин сарзаминҳои мардуми ориёӣ (Орияна Ваҷейҳа - Ориёнвиҷ) маҳсуб мешавад, дар миёни халқҳои маскуни Туркистони Чин, Ҳиндустон, Африқо, Шарқи Наздику Миёна ва Кавказ чун ҷашни байналмиллалӣ таҷлил карда мешуд.

Ҳарчанд сарзамини паҳновари Ориён дар тӯли таърих борҳо аз ҷониби аҷнабиён тасарруф гардида буд, аммо фарҳанги маруми ориёӣ дар ин қаламрав ҳамеша побарҷо устувор буд.

Дар бораи таъриху анъанаҳои Наврӯз сарчашмаҳои хаттӣ ба мисли «Осор – ул – боқия» - и Абурайҳон Берунӣ, «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома» - и Умар Хайём, «Таърих – ул – умам ва ал - мулук» - и Муҳаммад Табарӣ ҳамчун арзишмандтарин маъхазҳои илмӣ то имрӯз дар хизмати муҳаққиқон қарор дорад.

Тоҷикон - форсҳо фарҳанги бузурги бостониро офариданд, ки нишонаҳои муҳими он кишоварзӣ, кандакорӣ, наққошӣ, боғдорӣ, наҷҷорӣ, гаҷкорӣ ва адабиёти боҳамто ва оламшумули аз Авесто то осори устод Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Румӣ, Камол, Ахмади Дониш ва дигарон мебошад, симои маънавии хоси худро дар байни халқҳои дигар муайян ва муаррифӣ намудаанд.

Наврӯз дар аҳди бостон гузариш ба ҳаёти сукунии Муқимӣ буда, расму оинҳои наврузӣ низ маҳсули гузариш ба тамаддун будааст. Анъанаҳои Наврӯзӣ ормонҳои олии инсониятро дар худ таҷассум намуда, ифодаи ниёзҳои аксарияти аҳли ҷомеа буда ва дар зиндагонии онҳо нақши муттаҳидкунанда мебозад. Наврӯз бо чунин анъанаҳояш дар андешаҳои некӣ, некукорӣ, дастгирӣ, шодию хушӣ, ободкорӣ, зебоӣ ва рӯҳи бузурги инсонӣ мақоми мондагор дорад.

Тақдир ё сарнавишти Наврӯз ба сарнавишти мардуми тоҷику форс шабеҳ буда бисёр бурду бохтҳо, рушду инқирозҳоро паси сар кардааст. Наврӯз ҷашни ваҳдати инсонҳо буда мардуми шаҳрҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, гузарҳо ва хонаводаҳо ба аёдати якдигар ба меҳмонӣ мешитобанд ва дар дилҳои худ тухми меҳру рафоқат, ҳамфикрию ҳамдилӣ, олиҳимматию самимият сабз менамоянд.

Хони Наврӯзӣ бо шириниҳо, меваҳо, сабзавот, ғизоҳои гуногун оро дода мешавад ва атрофи он инсонҳоро муттаҳид месозад, иззату эҳтиром ва руҳияи хушнудиро эъҷоз менамояд.

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» - и хеш як нуктаи муҳимро роҷеъ ба Наврӯз меоварад:

«Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он буда аст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр аст, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз  ва рубъе аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт  ва рӯз, ки рафта буд, бад – ин дақиқа натавонад омад, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад – ӯ иқтидоъ карданд»  (саҳ 29)

Мувофиқи ривоятҳои ориёӣ дар рӯзи Наврӯз аз нуфтаи Қаюмарс аз замин ҷуфти инсонӣ Маҳрӣ ва Маҳрияна рӯидаанд. Дар ин рӯз шоҳи Пешдодиён Ҳушанг ба дунё омада, Фаридун дар ин рӯз мулки худро ба се писараш Салм, Тур ва Эраҷ тақсим кардааст. Дар ин рӯз Аҳурамаздо ба Спитама Зардушт пайғамбариро нозил карда ва дини Маздоясно дар рӯи замин густариш ёфт.

Яке аз суннатҳои муҳими Наврӯзӣ – Спанта “Покӣ” буда, мардум ба ҳаммом рафта тани худро пок сохта, либосҳои тоза пушида, хонаю ҳавлӣ ва боғҳои хешро тоза менамудаанд. Ин расм то имрӯз идома дорад.

Воқеан, Наврӯз нишонаи хотираи таърихии миллати тоҷик аст. Ҳар соле, ки мо онро аз нав ҷашн мегирем, таърихи онро аз нав эҳё менамоем ва дар андешаи мо таърихи тамоми сулолаҳои ориёӣ ва ғайриэронӣ дар дорозои таърих ҷилвагар мегардад ва ҳофазаи таърихии миллати мо қавитар шуда, барои бунёди давлати миллӣ ва муайянсозии дурнамои рушди давлатдории он мусоидат мекунад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj