• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РУШДИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ АЗ МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОР ВОБАСТА АСТ

Имрӯз Дониёр Сангинов, муовини тозатаъйини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар толори Шӯрои олимон ҷаласаи корӣ оид ба шиносоӣ бо ҳайати кормандони бахшу сохторҳои қисми илми донишгоҳ баргузор намуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ зимни ҷаласа бо фаъолияти масъулини бахшҳову сохторҳои қисми илм шинос шуда, ҳар як масъули ин ё он бахшро барои риояи интизоми меҳнат ва фаъолияти босамари корӣ баҳри рушди илми донишгоҳӣ вазифадор намуд. Дар интиҳо Дониёр Сангинов ба масъулин дастур дод, ки нақшаҳои кории воҳидҳои сохтории худро таҳия намуда, то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ барои тасдиқ ба унвонии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ пешниҳод намоянд. Ҳамчунин дар давоми ҳафтаи корӣ як мақолаи илмӣ-оммавӣ ҷиҳати интишор дар сомонаи донишгоҳ таҳия карда, дар давоми як сол ҳамаи омӯзгорони донишгоҳ барои таълиф ва чопи на камтар аз 2 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда кӯшиш намоянд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj