• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ИЛМ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи муштараки бахшҳои илму таълим баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи тақсимоти сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ доир ба тағйироту иловаҳои сарбории омӯзгорон баромад намуда, ба мудирони кафедраҳо дастур дод, ки тақсимоти соатҳоро барои соли таҳсили 2022-2023 бо назардошти тағйироти бавуҷудомада ба роҳ монанд. Дониёр Сангинов, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ фаъолияти шашмоҳаи илмии донишгоҳро баррасӣ ва неруи илмии донишгоҳро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, барои фаъолияти пурсамар, аз ҷумла омода намудани кадрҳои илмӣ аз тарафи устодони соҳибмактаб ва дорои маҳорати баланди касбӣ, ташкили маҳфилҳои инфиродӣ дар назди кафедраҳо, баргузор кардани конференсияҳои байналмилалӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин таъкид кард, ки ҳар устоде, ки мақолаи худро дар Web of Science ё Scopus интишор кунад, аз тарафи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда мешавад. Ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия низ баррасӣ карда шуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj