• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

Дар таърихи 11-уми октябри соли 2022 дар доираи бизнес-форуми Тоҷикистону Ҷумҳурии Беларус намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар  ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи СадриддинАйнӣ ташриф оварданд. Намояндагони мазкур дар ҳайати ректори Донишгоњи давлатии Гродно ба номи Янка Купала, хонум Китурко Ирина Фёдоровна, ректори Донишгоњи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, хонум Сендер Анна Николаевна ва ректори Донишгоњи давлатии забоншиносии Минск, хонум Лаптева Наталя Евгеневна аз факултетҳои биология, таърих ва педагогикаи донишгоҳ дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Дар ҷараёни ташриф ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омӯзиши амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо, симпозиумҳо, намоишҳо ва дигар шаклҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj