• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН

18-уми октябри соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси шурои кураторон Нуралӣ Сатторов, декани факултет Аҳрор Қаландаров ширкат  намуданд. Чорабиниро Нигора Назарзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни мазкур табрик намуд ва зимни суханронии худ, аз ҷумла қайд кард, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагононро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи сдеҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сипас аз тарафи донишҷӯён бо мақсади болидахотирии ҳозирин барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj