• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ОЗМУН

Чӣ гуна, ки дар гузоришҳои қаблӣ зикр карда будем, даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфта, дар баргузории ин озмун аз ҳисоби устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 14 нафар ба ҳайати ҳакамони озмун сафарбар шудаанд.

Муовини ректори донишгоҳ, профессор Сангинзод Д. тариқи телефон иброз намуданд, ҳайати ҳакамони навоҳии минтақаи Рашт, ки аксари онҳоро (12 нафар) устодони донишгоҳи мо ташкил медиҳанд, оғоз аз рӯзи 18 октябри соли 2022 ба фаъолияти хеш шурӯъ намуданд. Онҳо ба донишу истеъдоди иштироккунандагони озмун воқеъбинона баҳогузорӣ намуда, дар ин баробар тавсияву маслиҳатҳои хешро низ дареғ намедоранд. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳайати мазкур дастури Пешвои муаззами миллатро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун сармашқи кори хеш қарор дода,ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои нав ва истеъдодҳои дорои қобилияти баланди эҷодӣ дар доираи озмуни мазкур мусоидат хоҳанд кард. Ҳамзамон ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, ки масъули даври сеюми озмун дар ноҳияҳои минтақаи Рашт маҳсуб меёбанд, ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани равиши фаъолият маслиҳатҳои муфид ироа намуданд. Мавсуф зикр намуданд, ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, таҳти №АП-156 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи вазифаҳои ҳар яке аз мо аст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj