• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
Вохўриву мулоқотҳо бо намояндагони мақомот ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҳама хатарҳои номатлуб дар ин самт нақши муҳимро бозидааст. Марбут ба ҳамин гуна масъалаҳо дар таърихи 19-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқоти прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Шералӣ бо донишҷӯёни факултетҳои география, химия ва математика баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода оғоз намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва дар ин зимн зикр кард, ки имрўз дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона ва ҳар гуна амалҳои номатлуби дигар бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр, дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар ин ҷода яке аз роҳҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Сипас, Миралӣ Шералӣ дар ҷараёни нутқи худ зикр кард, айни замон яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, миллатдўст,алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурўҳҳои манфиатиие, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj