• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Дар таърихи 20 октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ» бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор карда шуд.  Дар мизи мудаввар сармутахассиси маркази илм ва инноватсияи донишгоҳ Мусаммирова Зуҳро, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Атоев Суҳбат ва устодону донишҷӯёни факултет ширкат намуданд.

 

Мизи мудавварро мудири кафедраи методикаи таълими забони англисии факултет номзади илмҳои педагогӣ Эмомов Исматулло ифтитоҳ намуда, сухани муқаддамотиро ба декани факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ доктори илмҳои филологӣ Каримов Шуҳрат дод. Мавсуф баргузории чунин мизҳои мудавварро амали саривақтӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, арзёбӣ карда, ҳамчунин зикр намуд, ки баргузории мизҳои мудаввар ба мо имкон медиҳанд усулҳои муосири таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ, ки дар факултет мавриди тадрис қарор мегиранд, амалан татбиқ гардида, сатҳу сифати таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар факултет ва дар умум дар донишгоҳамон беш аз пеш боло бурда шавад.

Дар мизи мудаввар ду маъруза ироа гардид. Маърузаи аввал бо забони тоҷикӣ дар мавзуи «Роҳу усулҳои муосири таълими забони англисӣ дар макотиби таҳсилоти олии касбӣ» аз ҷониби мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ Эмомов Исматулло пешниҳод карда шуд. Сипас, номзади илмҳои филологӣ, муовини декан оид ба илми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Комилов Мирато дар мавзуи «Баъзе роҳҳои таълими эссеи муътақидкунанда ва зарурати таълими он ба донишҷӯёни факултетҳои забони хориҷӣ» бо забони англисӣ маърӯза намуд. Баъд аз маърузаҳо саволу ҷавобҳо оид ба мавзуъ сурат гирифта, донишҷӯён дар ҷараёни муҳокима ва фикру андешарониҳо дар робита ба маърузаҳо фаъолона ширкат намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби устодон пешниҳодҳои муфид барои мизҳои мудаввари оянда манзур карда шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj