• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАЁТИ ПУРСАМАРИ ОЛИМ
Бо ташаббуси садорати факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 октябри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Вазъи муосири гуногунии биологии Тоҷикистон, ҳифз ва истифодаи оқилонаи он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 75-солагии ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-педагогии корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Тоҳирҷон Сатторов баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, д.и.ҳ., профессор Сангинов Д. ифтитоҳ намуда, кулли меҳмононро аз номи ректори донишгоҳ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҳайати раёсат хайрамақдам намуд. Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки саҳми олимони соҳаи биологияи донишгоҳ натанҳо дар миқёси кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ хеле назаррас аст. Аз ҷумла, хидматҳои профессор Тоҳирҷон Сатторов, ки имрӯз ба синни 75 расида, 52 соли ҳаёти хешро дар соҳаи илму таълим сарф кардааст, шоистаи таҳсин мебошад. Дар ин баробар барои хизмати бенуқсон ва арзи садоқат ба соҳибҷашн аз номи ректори донишгоҳ тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Дар кори конференсия як зумра устодони донишгоҳ, меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар ва донишҷӯён иштирок намуданд. Тибқи барномаи конференсия декани факултети биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимов А.К. дар боби ҳаёт ва фаъолияти профессор Тоҳирҷон Сатторов ва соҳибҷашн бевосита бо унвони “Вазъи муосири гуногунии биологӣ дар мисоли герпетофаунаи Тоҷикистон” маърузаҳои хешро ба ҳозирин ироа намуданд. Дар ҷараёни конференсия дӯстон ва меҳмонон низ соҳибҷашнро табрик намуданд.
Баъд аз анҷоми даври аввал кори конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj