• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ МУОВИНИ РЕКТОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОН АЗ РӮЙИ ИХТИСОС

Мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ  Ахиева С.У. ҷаласаро, ки дар  таърихи 25 октябри соли 2022 ҷиҳати баррасии масоили марбут бо докторантон аз рӯйи ихтисос баргузор гардид, ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  ба таври умумӣ  78 нафар таҳсил менамоянд. Аз ин шумора танҳо 50 нафар дар ҷаласаи мазкур иштирок доранд. Мавсуф  муҳтавои баргузории ҷаласаро шарҳ дода, идомаи суханро ба  муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. дод. Ноиби ректор дар нутқи хеш  қайд намуданд, ки  вазифаҳои ин бахш, яъне докторантура аз рўи ихтисос (РhD) чунин аст: тайёр намудани докторони ватании рақобатпазир дар бозори дохилии мамлакат ва байналмилалии меҳнат;  ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рўи ихтисос (РhD) бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;  ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва рўзмарраи таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомўзӣ равона карда шудааст;  таъмини муттасили (пайдарпайи) барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ. Дар ин росто зикр карданд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти ин бахш  Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, таҳти № 93 ба тасвиб расидааст ва зарур аст ҳар як узви бахши мазкур бо талаботи он ошно бошад. Ҳамчунин  зарур аст ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хешро, ки аз талаботи низомномаи мазкур бармеоянд, ба таври ҳифз донад ва ҳамеша аз талаботи санадҳои меъёӣ-ҳуқуқии соҳа, хусусан  Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос (25.02.2017, № 93) огоҳ бошад.   Докторантон аз рӯйи ихтисос бояд дорои донишҳои бунёдии назариявӣ, малакаи истифодаи методҳои муосири озмоишӣ , имконияти кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, аз ҷумла усули таҳлил, коркард ва нигохдории ахбороти илмӣ буда,  тавонад масоили илмӣ ва амалии муосирро муайян ва ҳал намояд, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсиониро аз рўи ихтисоси илмии интихобкарда ташкил ва амалӣ кунад ва инчунин донандаи сатҳи баланди забони хориҷӣ бошад.

Сангинзод Д.Ш. аз натиҷаи фаъолияти докторантон аз рӯйи ихтисос изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки дар доираи фаъолият камбудиву нуқсонҳои зиёд вуҷуд доранд. Мувофиқи таҳлил аз оғози соли таҳсил то имрӯз аксар ба китобхонаи донишгоҳ ташриф наовардаанд. Пешниҳоди мақолаҳои илмӣ, илмӣ – методӣ, илмӣ – оммавӣ ва амсоли инҳо низ аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос хеле дар сатҳи паст аст. Зарур шуморида шуд дар ҳолатҳои аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, хусусан низомномаи ин бахш рӯйхати онҳо ба раёсати донишгоҳ ҷиҳати хориҷ пешниҳод карда шавад.

Дар ростои таҳлили масъалаҳои таълим устод Сангинзод Д. пешниҳод намуданд, ки ректор ва садорати донишгоҳ омодаанд, ҳамеша арзу шикояти докторантон аз рӯйи ихтисосро қабул намуда, дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мусоидат кунанд. Вобаста ба ин масъала китоби арзу шикоятҳо вуҷуд дорад ва ҳар докторант метавонад мустақиман арзу шикояти хешро дар он сабт намояд.

Тибқи қарори ҷаласаи мазкур ҳама докторантон аз рӯйи ихтисос муваззаф гардиданд, ки дар муддати аз 24.10. 2022 то 24.11. 2022, яъне дар муддати як моҳ, талаботи Низомномаи докторант аз рӯйи ихтисосро азхуд намоянд. Дар ин баробар тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати донистани луғати вожаҳои англисӣ (400 калима) то 24.12.2022 озмун баргузор мегардад, ки иштироки докторантон аз рӯйи ихтисос низ ҳатмист.

Ба сардори Раёсати илми донишгоҳ Идиев С.Б. ва мудири бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Ахиева С.У. супориш дода шуд, ки бобати пешниҳоди мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аз ҷониби докторантон аз рӯйи ихтисос барои интишор дар сомонаи донишгоҳ рӯйхати муайян тартиб дода шавад.

Дар ниҳояти ҷаласа мувини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илм, профессор Сангинзод Д.Ш. ба докторантон аз рӯйи ихтисос таманниёти неки хешро баён  намуданд.

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj