• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ РАВАНДҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕЪА: ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Дар ҳамин асос тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм ва эктремизм» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур декани факултети педагогика Фаридун Давлатзода, мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ Сӯҳроб Фозилов, муаллими калони кафедраи мазкур Насриддин Ҳусейнов доир ба ин масъала маърӯзаҳои хешро ироа намуда, зикр карданд, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусан ҷавононро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ муваззаф гардонидааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони мо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати давлатии кишвар дар соҳаи амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди равандҳои номатлуби экстремизму терроризм ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дастгирӣ ва мусоидат хоҳанд кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj