• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

РОҲҲОИ НАВИШТАНИ ЛОИҲАИ ИЛМӢ-ФАРМОИШӢ ОСОНТАР МЕШАВАНД

Имрўз, дар толори фарҳангии Донишгоҳ семинари омўзишӣ  дар мавзуи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ” баргузор гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳангоми ифтитоҳи  ин чорабинӣ  зарурияти таълифи лоиҳаҳои илмиро дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф зикр карда иброз дошт, ки амалӣ намудани онҳо барои боло бурдани сифати таълим, инкишофи риштаҳои гуногуни илм самаранок хоҳад буд. Номбурда аз олимон, омўзгорон ва кормандони донишгоҳ даъват ба амал овард, ки дар навиштану амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ саҳми фаъол гузоранд.

Сипас, доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод ва номзади илмҳои фалсафа, дотсент Шоҳназар Бердиев дар хусуси усулҳои таълифи лоиҳаҳои илмӣ- фармоишӣ, талабот ва ҷузъиёти онҳо, усулҳои омодасозии ҳуҷҷатҳои марбут ба чунин лоиҳаҳо ибрози назар карданд.

 

Таъкид шуд, ки таълиф ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои илмӣ- фармоишӣ  ҷузъи фаъолияти кормандон буда, барои рўи кор овардани ихтироъҳои фундаменталӣ, асарҳои арзишманд ва ташаккули неруи зеҳнӣ  судманд хоҳад буд.

Ширкаткунандагон оид ба равиши таъриф ва аҳамияти лоиҳаҳои илмӣ- фармоишӣ  дар шароити муосир тасаввуроти нек ҳосил намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj