• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ГЛОБУС”

Кафедраи географияи табии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  дар таърихи 1 ноябри соли 2022 маҳфили илмии хешро дар мавзўи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф” баргузор намуд. Маҳфили илмии мазкурро мудири кафедраи географияи табиӣ  Рауфов Р.Н. кушода, доир ба ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки марбут ба соҳаи маориф мебошад, маълумоти мухтасар доданд. Сипас донишҷўйи курси 4- уми ихтисоси география – биология Раҳмонзода Мадина суханронӣ намуда,  қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳад. Сарвари давлат манзалати омӯгорро чунин қайд намудаанд: “Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”. Дар маҳфили мазкур декани факултети география Қаландаров А., мудирони кафедраҳо, муовинони декан ва як зумра омўзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj