• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ВАЗОРАТ: ДОНИШҶӮЁН БО МАВОДҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАЪМИН ВА ЛАБОРАТОРИЯҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ МЕБОШАНД
Субҳи 1-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби намояндагони Раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳолати фаъолияти лабораторияҳо, сифати таълим, маводҳои таълимӣ ва давомоти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни боздид Наврӯз Мирзозода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, Сулаймон Исвализода, муовин ва кормандони дигари ин ниҳод, аз ҷумла Амиршо Ҷаъфаров, Муҳсин Саидшозода, Нодира Ҳасанзода ҳузур доштанд ва ҳайатро шахсан Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуд. Зимни боздид намояндагони Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати иштироки донишҷӯён ба дарс ва таъмини онҳо бо маводҳои таълимӣ ва ҳамзамон аз фаъолияти босамари лабораторияҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннии Донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишгоҳ айни замон 28 лаборатория, аз ҷумла 21 лабораторияи таълимӣ, 5 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ ва 2 осорхонаи ҳайвоноту парандаҳои нодир барои таҳқиқот анҷом додан фаъолият менамоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj