• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШ ДАР МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗИИ КАДРҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БИДУНИ САРҲАДҲО”

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” курсҳои омўзишии семоҳаи забони русӣ ва англисиро барои устодон ва кормандони донишгоҳ роҳандозӣ намуда, баргузории он дар айни ҳол идома дорад.

Илова бар ин марказ дар таърихи 03.11.2022 дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” вохўрӣ анҷом дод. Дар ин вохўрӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинов Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.,  менеҷери барнома Мирзовафоева Г., як зумра омўзгорон ва донишҷўёни факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ширкат варзиданд.  Дар оғози вохўрӣ сардори марказ Азимов М. суханронӣ намуда, зарурати татбиқи“Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро баён намуд. Ў иброз дошт, ки ҳамкориҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди раванди таълиму омўзишу забони англисӣ мусоидат менамояд. Дар асоси дастрасии шароити мусоид ва технологияи иттилоотӣ имрўз мо барои ташкили курсҳои гуногуни омўзишии забонҳои хориҷӣ имконияти васеъ дорем ва умедворем, ки самаранокии ҳамкории мо дар ин самт тулонӣ ва мустаҳкам мегардад. Бо мақсади идома бахшидани мўҳтавои ҳамкориҳо сухан ба  муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.ҳ. профессор Сангинов Д.Ш. дода шуд. Мавсуф аҳамияти ташкили курсҳои гуногуни забономузиро махсусан вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва талаботи шароити муосир баён намуд.

Директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.  ва менеҷери барнома Мирзовафоева Г. миннатдории самимии хешро барои дастгирии ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи амалишавии лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” дар баланд бардоштани иқтидор ва рушди маҳорату малакаи касбии омўзгорони забони англисӣ ба роҳбарияти донишгоҳ баён намуда, ҳамзамон сипосномаи ташкилотро ба муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.ҳ. профессор Сангинов Д.Ш. супорид.

Зимни вохўрӣ баргузории курсҳои гуногун дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” дар се бахш ба нақша гирифта шуд, ки баргузории бахши аввал санаи 14.11.2022 пешбинӣ гардид:

1.  Курсҳои омўзишӣ ҷиҳати омоданамоӣ ва тартиби пешниҳоди лоиҳаҳо ва грантҳо;

2.  Курсҳои омўзишии истифодаи методҳои муосири таълими забони англисӣ барои омўзгорони ҷавони забони англисӣ;

3.  Ташкили курсҳои омўзишии забони англисӣ барои хатмкунандагон – омўзгорони ояндаи забони англисӣ ва омоданамоии онҳо ба муассисаҳои таълимӣ.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj