• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бо чунин унвон дар таърихи 3-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ бахшида  ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо 28-умин солгарди қабули ин санади муҳим табрик намуд. Сипас, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва профессори кафедраи ҳуқуқ Эмомалӣ Буризода сухан карда, зикр намуданд, ки дар муддати 28 сол Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши арзанда гузоштааст.

Инчунин ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардида буд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст.

 

Муҷрии барнома, муовини ректор оид ба илм, профессор Сангинзод Д.Ш.  қайд намуд, ки ҳамоиш дар нимаи дуввуми рӯз  дар бахшҳо идома мекунад. Лозим ба зикр аст, ки  дар он зиёда аз 14 маърӯзаи дигар ба мавзӯи мадди назар бахшида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj