• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРНОМАИ ИТТИЛООТӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ     "КОНСТИТУТСИЯ-ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ"

Шоми 3-юми ноябри соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ миёни хобгоҳҳои донишҷӯён чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ, таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавобон" баргузор гардид. Чорабиниро  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов оғоз намуда, мақсад ва шартҳои баргузории чорабинии мазкурро ба ҳозирин шарҳ дод. Давлатов Маъруфҷон-н.и.ҳ, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқи факултаи таърих, Бӯриев Маҳмадалӣ-саромӯзгори кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар  озмуни викторинаи ҳозирҷавобон ба ҳайси аъзои ҳакамон ғолибонро муайян карданд. Ҷараёни баргузории чорабинии мазкурро  инчунин сарояндагони ҷавон бо суруду таронаҳои дилнишин рангину хотирмон сохтанд. Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ Раҷабов Дилшод ҳамроҳ бо аъзои ҳакамон натиҷаҳои дастаҳоро шарҳу тавзеҳ дода, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро супурданд. Натиҷаи озмун ба таври зер аст:

Ҷойи якум:       дастаи "Устувораи Куруш"-и хобгоҳи 6;

Ҷойи дуюм:       дастаи "Сулҳ"- и  хобгоҳи 2;

Ҷойи сеюм:       дастаи "Гулдухтарони Майдагул"-и  хобгоҳи 7.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj