• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арафаи 30- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронсҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” омодаву тасдиқ гардидааст ва марбут ба ин дар таърихи 4 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Дилошӯб Розиқзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Махкам Ҷума, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди кафедраи халқи тоҷики донишгоҳ, Ҳабибулло Сатторӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, Давлатшо Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ  дар боби мавзӯи мадди назар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сарнавиштсози халқи тоҷик буда, ба арсаи сиёсат абармардеро овард, ки чархи тақдири ин миллати куҳанбунёдро тағйир дод. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон рӯз бо сухани кӯтоҳи худ чунин изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам».

Имрӯз Тоҷикистони мо ба ҳайси ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ шинохта шуда, бо Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ифтихор дорад.

Дар зимни чорабинии мазкур инчунин аз ҷониби намояндагони раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба як гурӯҳ устодону донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҷавонон бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи ниҳодҳои зикршуда қадрдонӣ шуданд. Дар фарҷом баҳри болидарӯҳии ҳозирин  барномаи фарҳангӣ доир гардид.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj