• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОМӮЗГОРОНИ ЛУҒАТДОН НИЗ ҲАВАСМАНД КАРДА МЕШАВАНД

Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии омӯзгорону кормандон аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба кӯшишу талоши онҳо мукофоти пулӣ дода шавад.

Омӯзгороне, ки аввалин шуда то рӯзҳои 18-19-уми ноябр 400 вожаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳодшударо бо иловаи 2 ғазали муқарраршуда азбар менамоянд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Иқдоми мазкур низ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти маҳбуби кишвар гирифта шудааст.

Довталабон, танҳо баъди хулосаи мусбати гурӯҳи санҷишии таъсисдодаи раёсати Донишгоҳ, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони дорои ихтисосҳои забони англисӣ бинобар соҳибтахассус ва аъзои гурӯҳи санҷишӣ будан аз ин мукофоти пешниҳодшуда истисно мебошанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj