• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РЕКТОР: ЛАБОРАТОРИЯҲОИ ТАЪЛИМИРО БО ТАҶҲИЗОТИ МУОСИР ТАЪМИН МЕНАМОЕМ!

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.

Дар ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, вазъи хориҷ ва барқорории донишҷӯён, назорати сарбории омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, назорати мактубҳои воридотӣ, таъмини лабораторияҳоро бо лавозимоти таълимӣ, озмуни “Фалаксароён” ва баргузор намудани озмунҳои нав дар миёни донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод. Инчунин маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси ректори Донишгоҳ дар факултетҳои физика ва химия лабораторияҳои нав таъсис дода, лабораторияҳои мавҷуда бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ таъмин карда мешаванд. Дар ҷаласа масъулин вазифадор шуданд, ки дар ҳамбастагӣ мушкилотҳои ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj