• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

Аз 1-ум то 3-юми ноябри соли 2022  намояндагони Донишгоҳ дар конфронси байналмилалии таълимӣ таҳти унвони ”Ҳамкорӣ баҳри нигоҳдошт ва таҳкими мероси маънавии халқи рус”, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла ташкил карда шуда буд, иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур Самиев Б. – профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, Байдуллоев А. – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума, Карабаев Б. – директори маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳон ширкат намуда, оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккул ва рушди фарҳанги Авруосиё, муҳити таълимӣ ва тафаккури иҷтимоии ҷавонон, саҳми волидайн дар раванди ташаккулёбии маънавию ахлоқии шахсият маърӯза карданд. Дар ҷараёни сафари мазкур намояндагони Донишгоҳ инчунин, бо ректори ДДОБ ба номи М. Акмулла – Сагитов Салават вохурда, туҳфаи расмии ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро, ҳамчун рамзи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба тақдим намуда, доир ба робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ДДОБ ба номи М. Акмулла хатмкардагони зинаи бакалавриати ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар риштаи магистратура таҳсили худро идома медиҳанд. Дар рафти сафари мазкур имконият пайдо гардид, ки намояндагони Донишгоҳ бо донишҷӯёни мазкур доир ба рафти таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ суҳбат намуданд.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj