• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МАҲФИЛИ “ХИРАДМАНД” БО ШИРКАТИ МУҲАММАД ҒОИБ

Дар таърихи 8-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили “Хирадманд” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор гардид. Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошанд. Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

Муҳаммад Ғоиб Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гашта,  соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (соли 2013), барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2012) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019) мебошад. Номзади илмҳои филологя  С. Саидов доир  ба фаъолият ва нақши Муҳаммад Ғоиб дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуда, қайд кард, ки Муҳаммад Ғоиб дар адабиёти муосири тоҷик мақоми хоссаи худро касб кардааст . Баъдан аз ҷониби устодону донишҷӯён шеърҳо аз ашъори  шоир қироат ва замзама гардид.

 

Дар ин баробар Муҳаммад Ғоиб аз чакомаҳои хеш барои ҳозирин қироат намуда, марбут ба суолҳои онҳо посухҳои муносиб ироа кард.Дар  фарҷоми маҳфил профессор Сангинзод Д.Ш. ба меҳмони маҳфил, устод Муҳаммад Ғоибаз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода бо изҳори ихлосу муҳаббат сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ эҳдо намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj