• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

АЗ 34 НАФАР ИШТИРОКЧӢ 7 НАФАР БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ РОҲ ЁФТ

Дар ин рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе маросими даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субхи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он аз ҷумлаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (3 нафар омӯзгор ва 10 нафар донишҷў) аз рӯи номинатсияҳои “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти классикии тоҷик”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти ҷаҳон” ва “Эҷоди назму наср иштирок намуданд. Тибқи натиҷаи озмун 7 нафар аз онҳо: ду нафар аз рўи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ду нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, як нафар аз рӯи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, ду нафар (як нафар омӯзгор ва як нафар донишҷӯ) аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Донишҷӯёни зеринро, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, дар баланд гардидани эътибори донишгоҳи омӯзгории пойтахт саҳмгузоранд, раёсати Донишгоҳ бо муваффақияти зерин табрик намуда, дар даври минбаъда барояшон муваффақият таманно менамояд:

 

 

Ному насаб

Вазифа, курс, факултет

Ҷои ишғолнамуда

 

Номинатсияи адабиёти ҷаҳон

Абдуҷалили Амон

Омӯзгори факултети филологияи тоҷик

I

Абдуллоева Мубина

Донишҷӯи курси 5-уми факултети забон ва адабиёти рус

I

 

Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ

Раҳмонова Хайриниссо

Донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик

I

Ҷурахонзода Гулноза

Донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик

II

 

Номинатсия  адабиёти классикии тоҷик

Мусулмонзода Файзигул

Донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик

II

Собирова Зарина

Донишҷӯи курси 5-уми факултети филологияи тоҷик

III

 

Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик

Исанова Мавзуна

Донишҷӯи курси 3-юми факултети математика ва информатика

II

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj