• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

СЕМИНАРИ МУФИД

Ҳамасола дар Душанбе бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Дафтари ҳамкории Сувис ва Донишкадаи Гётеи шаҳри Тошканд  анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории анҷумани мазкур пеш аз ҳама ошноии омӯзгорони забони олмонӣ бо усулҳои муосир ва самараноки тадриси забони олмонӣ мебошад. Соли ҷорӣ ин чорабинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва  дар он намояндагони Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин  Айнӣ низ ширкат намуданд. Дар ҳамин асос, бо мақсади рушди касбияти омӯзгорон ва интиқоли донишу малакаи дар анҷуман ҳосилнамудаи устодони дар он ширкатварзида ба дигар устодон ҳар моҳ дар факултети забонҳои романӣ-германӣ семинари омӯзишӣ баргузор мегардад. Семинари навбатии марбут ба ин масъала  дар таърихи 9 ноябри соли 2022 таҳти роҳбарии устоди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ ва фаронсавӣ) Фирӯза Раҷабова гузаронида шуд. Дар семинар масоили истифодаи расмҳо дар  дарси забони олмонӣ матраҳ шуданд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj