• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУАРРИФИИ  ЛОИҲА

Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаррифи лоиҳа бо унвони «Таҳкими заминаҳои назариявӣ, моддӣ-техникӣ ва корҳои пажуҳишӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор  гардид. Дар муаррифии лоиҳаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ  Идиев С. ва як зумра мудирону устодони кафедраҳои факултет иштирок доштанд.

Декани факултет Назруллоев А.С. иброз намуданд, ки дар рӯзҳои наздик баъд аз муҳокима лоиҳа ба раёсати Донишгоҳ ирсол мегардад ва дар ҳолати амалӣ гардидани лоиҳа факултети физика ба дастовардҳои хуб ноил хоҳад шуд.  Роҳбари факултет инчунин марбут ба лоиҳа маълумоти мухтасар ироа карда, зикр намуд, ки  лоиҳаи мазкур аз рӯйи моҳият дорои хусусияти пажӯҳишӣ ва илмию амалӣ буда, ҳадафи он аз омӯзиши усулҳои нави таълим бо таҷҳизоти муосир ва ҷалб намудани донишҷӯён, магистрон ва унвонҷӯён баҳри рушд ва омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Ҳамзамон дар ҷараёни таҳқиқ аз мушоҳидаҳои бевосита, мусоҳиба бо олимони варзидаи соҳаи илмҳои дақиқ, баргузории ҳамоиши илмию амалӣ,  омӯзиши маводи вориднамуда аз хориҷи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи техникии устодону донишҷӯён истифода мегардад.

Лоиҳаи мазкур барои татбиқ ва дар амал иҷро гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи Солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва аз ҷониби дигар ҷалб намудани ҷавонони кишвар ба омӯзиши технологияҳои муосир, инчунин бо ин восита замина гузоштан ба рушди иқтисодиёти кишвар равона шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj